Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ана акнун ёбу гир. «Додхоҳ Қумриро нағз дида гирифт», афсона шуд, мухаббати ў ба рашк гашт; рашке, ки ба қавле мусича лаби бом нишаста «ку-ку?» ғўяд, рашк кард: ба наздикон, ба ҳамсояхо ва ба ҳар марде ки ба даргоҳи онҳо ояд, рашк кард. Баъд маҷбур шуданд, ки аз замини колхоз замини назди ҳавлигӣ гирифта, иморат сохта, кўчида раванд. Рўзгорашонро ҷудо карданд, аммо рашки шў поён наёфт. Қумриро кор кардан намонд. «Ҳусни зебои ту барои саҳро не» гуфт. Аммо Қумрӣ аз қисмати модар ибрат гирифта, кор кардан хост. Аввал писараш ба кори ў монеъ шуд, сонӣ калонтар, ки шуд, Қумрӣ ба кор баромад. Додхоҳ як бор гуфт, ду бор гуфт, баъд ки нашуд, таҳқир кард, дашном кард ва «фоҳиша» гуфт.
«Ман медонистам, ки ту рўзе ин гапро мсгўӣ,–ҷавоб дод Қумрӣ.– Модом ки ба суханонат бовар карда, ба ту расидам, чаро «фоҳиша» нашавам?» Қумрӣ ҳамин қадар гуфт. Дилаш хунук шуд. Баччаашро гирифт, очаашро гирифт, ба Душанбе омад. Ба курси механизаторӣ даромад. Додхоҳ чандин бор омад, узр гуфт, изҳори пушаймонӣ кард, аммо Қумрӣ. то мактабро тамом накард, ба водии Вахш барнагашт.
Қумрӣ модарашро ҳамроҳ гирифт, «набераатро бонӣ мекунӣ»
гуфт. Бори дигар ба ваъдаю воизи Додхоҳ бовар кард. Гўё аз нав хонадор шуд. Падархондаш – раисро пушту паноҳ дониста ба кори саҳро баромад, шогирди механизатори колхоз шуд. Додхоҳ боз девона гашт. «Раис ба ту падархонд не, падарфалон!» дод зад ў ва дасту пои Қумрӣ ях гашта ба замин нишаст. Бо кафи дастон гўшҳо маҳкам кард, чашм пўшид, то чизеро нашунавад ва касеро набинад.
Он гапро се тан шунида буданд. Қумрӣ аз модараш хоҳиш кард, ки ин гапро ба касе нагўяд, то овоза шуда ба гўши раис нарасад.
Зеро Қумрӣ гумон карда буд, ки гап бо ҳамин тамом шавад, ў боз трактор ронад ва шавҳар барояш пунбадона кашонад, пахтаи чидаашро ба хирман барад. Аммо кор бо ҳамин анҷом наёфт.
Додхоҳ аз гапаш намонд; гап шуд, овоза шуд, қисса ба гўши раис расид. Раис хафа шуд, мулоҳиза кард, сабаби ин дасисабозиҳоро донистан хост. Қумрӣ азми аз ин ҷо рафтан кард, аммо раис нагузошт. «Ба кайк ситеза накун,– гуфт.– Ту ҳозир кўчида равӣ, гап зиёд мешавад». Чунин маслиҳатро Додхоҳ фаҳмида девона шуд. Бо мошин дарвозаро тела дода даромад. Мошинро зери воич монда, калавида-калавида хона ва авгушт ба сўйи дарвоза тир карда фармуд:
— Ана роҳ!
Қумрӣ ишораи ўро фаҳмид.

пешина
аз 429
навбатӣ