Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Қумрӣ гўш ба карӣ зад ва аз ҳад ки гап зиёд шуд, ў гумон кард, ки гўшона гўянд. Сурху сафед шуд худ ба худ, дар дил ронандаро дашном дод; дуои бад кард ва «беадаб»-ро ёд овард... Агар ў хурд буд, як гапе. Хурд нест, баробари худи Қумрӣ. Бояд шарм дорад. Аммо ронанда ин корро қасдан кард; Қумрӣ хубтар донад. Барқасди Қумрию раис кард. Ин қиссаест, аммо Қумриро фоҷиа. Қумрӣ ҳеҷ гумон надошт, ки ин ҷавон ўро то ба чунин хориҳо барад. Ваъдаю воиз ин хел набуд...
Вақти дар омўзишгоҳи духтаронаи шаҳри Душанбе хонданаш ҳамин кас – Додхоҳ ўро дар роҳи байни мактабу хобгоҳ дучор омад, як нигоҳ карду дилаш шуввӣ фурў рафт, аммо забонаш гирифт кард, чизе гуфта натавонист, нигоҳе карду гузашт. Қумрӣ аҳамияте ҳам надод. Ҷавон баъди чунон нигоҳ ҳар рўз сари роҳи духтар мебаромад. Оҳиста-оҳиста нигоҳ ба салом гузашт ва салом ба ҳарф. Аввалҳо Қумрӣ ба сухани ҷавон эътиборе намедод, сонӣ ба дилаш як даста оташ афтид ва гирифтор шуд. Вомехўрдагӣ шуданд. Ҳар бори дидор Додхоҳ намедонист, ки аз хурсандӣ чӣ кор кунад. Хулоса, гаштанду гаштанд ва Лайлию Маҷнун шуда ба ҳам расиданд. Фарқ аз Лайлию Маҷнуни афсонавӣ дар он буд, ки онҳо номурод буданд, инҳо ба мурод расиданд. Ҳамин чиз эшонро «ишқ» буд. Ишқ чунон зўрӣ кард, ки Қумрӣ аз баҳри хондан баромада, думи Додхоҳро гирифта ба водии Вахш омад.
Чашми ошиқ – кўр. Садафмоҳ ба ин кор розӣ набуд. Падараш Мулло Шокир хабар надошт. Падарандараш Юсуфҷон (ҳарчанд Мулло Шокир духтарашро ба номаш гардонда ихтиёрро ба ў дода буд) ба ин кор шарик шудан нахост. Садафмоҳ дид, ки илоҷи гурез нест, ҳамроҳи духтараш ба водии Вахш кўчид – ба колхози «Коммунизм». Юсуфҷон «ман муҳоҷир шуданӣ не» гуфта ба онҳо ҳамроҳ нашуд. Муҳоҷирӣ ба Садафмоҳ хуш омад. Ў гумон кард, ки ҳама орзую умеде, ки аз зиндагӣ дошт, дар симои духтараш мебинад. Духтарашро арўси арўсон карданӣ буд. Аммо гап дигару амал дигар, орзу дигару висол дигар будааст...
Солҳои баъди ҷанги ҷаҳонӣ тўю сур он қадар дабдабае надошт.
Мардум нодор буданд, ғайр аз ин андешаи ҷанг, азобу машаққат аз сарашон дур нашуда буд, тарс ва биму ҳарос ҳам доштанд, хаёли фардо аз сарашон дур набуд, асари ҷанг ҳоло ҳам мардумро меларзонд. Онҳо ҷангзада шуда буданд. Ин ҷанг хеле дур аз кишвари тоҷик гузашта бошад ҳам асари худ ва захми худро боқӣ гузошт, хонадоне набуд, ки нафаре аз он ба ҷанг нарафта бошад. Аз ҷумла падари Додхоҳ низ рафта маҷрўҳ баргаштааст.
Одами хуб ҳама вақт писарро насиҳат кунад, аммо насиҳат писар нафорад. Ба ҷавонони имрўза насиҳат чизи зиёдатӣ тобад. Онҳо чӣ кор карданро донанд. Аз ҷумлаи корҳои дидаю дониста ба Қумрӣ ошиқ шудан буд. Ҷавон Қумриро нағз дида гирифт. Ба қавли ў агар ин кор намешуд, худро ба балое гирифтор мекард.

пешина
аз 429
навбатӣ