Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Ту шаттоҳӣ накун, аввалаш, ту зани ман не, духтарта барор, бо ман гап занад, дигараш, на ман аз ин хона биравам, ту бирав!
— Ҳамту?
— Ҳамту!
— Ту барин домоди занмиҷоза ман талоқ кардам, на духтарам.
Бирав!.. Агар наравӣ...– хитоб кард ба таҳдид ва рўймол аз сар гирифт.– Агар наравӣ, кашола карда назди ҷамоат мебарам! – сахт гирифт Садафмоҳ ва назди домод омада рўймол ба гарданаш андохтанӣ буд, ки Додхоҳ пас-пас рафта пичингомез гуфт:
— Назди раис бубар, хубтар ҳимоя мекунад,– ва даст ба ҳимояи худ пеш ёзонд, то Садафмоҳ ба ў дарафтида моҷарои дигаре нахезонад,– Ҳоҳ-ҳо! Назди раис бубар!
Садафмоҳ пичинги ўро шунид, вале эътибор надода, таҳдидро давом дод. Бо рўймол кор буд нашавад, тиракро ба сари ў бардошт. Баччаҳои ба «тамошо» омада ин чизро бозӣ пиндошта «ҳа, ҳа, ха!» гўён Садафмоҳро шерак карданӣ шуданд. Аммо Садафмоҳ ҳамаи онҳоро селаи мурғони поруков пиндошта «кишк-кишк»
гуфта, дастак зада, аз дарвоза берун кард.
— Хайр, холо биист, ту бевара...

...Сўҳбати модару духтар аз он хусус буд, ки ин гап ба гўши раис нарасад. Барои гапи як бефаровездаҳон обрўи одами номдору баобрўйро резондан хуб нест. Муносибати онҳоро мардум аз рўи одаму одамгарӣ донанд, вале аз бом тароша афтидагӣ барин ин гап аз куҷо пайдо шуд? Онҳо надонанд. Гапи нокасон, гапи нотавонбинон, гапи худширинкунакҳо: оламро вайрон кунанд онҳо, онҳое, ки на нон доранду на ном. Одамро одам вайрон кунад, оламро низ одам вайрон кунад. Хело одам даркор, ки аз олудагию тўҳмату гапи мардум худро канор дошта тавонад. Қумрӣ рўи ҳавлӣ гашта фикру андеша кунад, ки «гап» дар маҳалла паҳн шудааст ва акнун ба маҳаллаҳои дигару колхозу ноҳия равад ва ба гўши раис расида, нохушие ба миён орад. Беҳтараш худи ў буду шуди гапро ба раис фаҳмонад.
— Оча, ин гапро ба раис нафаҳмонида нашавад, а? – аз беруни дарвоза баргашта пурсид Қумрӣ.
— Чӣ хел ба ў мефаҳмонӣ? – ба танг омада, кафи дастон сўи духтар боз карда, таҳдидомез фармуд модар.
— Ҳамаашро ба ў рўирост мегўям.
— Чӣ, дигар бо шавҳарат муросо карданӣ нестӣ?
Аз чунин саволи модар Қумрӣ ҳайрон монд, шах шуд. Надонист чӣ ҷавоб диҳад. Чашмонаш ҷониби модар саволомез, гилаолуд ва ҳасратӣ дўхта шуданд. Модар маънии нигоҳи ўро фаҳмид. «Талоқи ман ҳисоб не» гуфт. Қумрӣ саҳл монд, ки дар ҷояш бишинад.

пешина
аз 429
навбатӣ