Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дигар хел модар мебуд, барои бахту тахт бо ў ҷанҷол ‘кардан имкон дошт; Қумрӣ ба рўи чунин модар давида натавонад. Ҳар зан зайли Садафмоҳ модар шуда натавонад. Ба назари ў дар олам ин хел модар набуд ва баъди он ҳам буда натавонад. Фақат барои чӣ он вақт тезӣ карда ба Додҳоҳ «талоқат кардам» гуфту акнун «ҳисоб не» мегўяд. «Чӣ маънӣ дорад ин ҳама?» оҳиста барои худ пичиррос зада гуфт ў ва даҳон кушода зўран ҳаво гирифт.
— Нафаҳмидам, оча.
— Ҳоло мефаҳмӣ... Вай ҳам мефаҳмад: ду-се рўз саги кўча барин гардад, мефаҳмад... Лекин, вой бар ҷонат, ки ин гапро ба раис гўӣ. Медонӣ, ки ин раиси мо кист?.. Намедонӣ, донӣ ҳам, кам медонӣ. Ўро халқи Мовароуннаҳр донад. Як бор ҳайфи меҳнатам, ҳайфи некиҳоям, гўяд, чӣ шавӣ? Чанд пула одам мешавӣ?
Ку гап бизан! Ту нагў. Мон, вай рафта гўяд. Даҳонашро кушояд, раис чӣ кораш кунад. Раис одами оддӣ мебуд, қаҳрамон мешуд?
Орден мегирифт? Ё ба ту барин занаки бесоҳиб ин қадар ёрӣ карда баробари худаш боло мебардошт? Худ аъзои ҳукумат мегашт? Ээ-э, мон гуфтан гиранд. Аккоси саг ризқи гадоро кам накунад...
Фақат ба некӣ завол нест, дигар ҳама чиз завол дорад, поён дорад.
Раис ба касе бадӣ накардааст. Ҳатто ҳамон гарданпаридаро фарёд карда, ба роҳи рост равон кунад. Агар бад мебуд...
— Ман кӣ будани раисро донам, оча!.. Лекин ба он бадмаст чӣ мегўӣ?
— Дар вақташ ба ту гуфтам, «ин ишқ, оча, ту инро нафаҳмӣ, давраҳои шуморо об бурд» гуфтӣ. Ана акнун ишқро тамошо кун.
Ба таги чил рафта истодаед, аз куҷо ин гап баромад, ман ҳайрон.
Ман ин нағмаҳоро нафаҳмидам.
— Нағмаро ман набаровардам-ку, оча! Худи вай ҷиннӣ. «Тоқӣ напўш, мўятро чамбар накун, ба чашму абрўят усмаю сурма накаш» мегўяд...
— Ба саҳро набаро...
— Ҳа.
— «Ҳа», ки бошад, аз баҳри шавҳарҷонат набаро, гапашро гўш кун. Зиндагӣ ширу шакар мешавад.
— Акнун намешавад, оча...
— Нашавад, роҳи дигар бояд ҷуст.
— Барои ҳамин назди раис рафтан лозим...
— Не! Барои ин гапҳои беҳуда назди ў рафтан лозим не. Ўро овора накун, вай вазифаҳои дигар дорад.
Қумрӣ ба гапи модараш гўш кард. Хеле ба хаёл рафт, баъд ба хулосае омад, ки «ҳа-а!» мадд кашид ва аз сари кат хеста рўи ҳавлӣ қадам зад. Модараш ба қаду басти ў назар карда, хулоса баровард, ки шавҳараш рашк барад. Шояд нағз диданаш ҳам ҳамин бошад.
«Нағз бинӣ, рашк кунӣ, бад бинӣ, баҳона ҷўӣ».

пешина
аз 429
навбатӣ