Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Худойқул фўтаи нимдошти миёнашро кушода ба камари Умматқул баст ва ба китфаш оҳиста зад, то барояд. Умматқул дар назди китфу бозуи ў хурдҷусса менамуд. Вале дар чунин гўштиҳо ҳеҷ чиз аҳамият надорад: на синну сол, на қаду баст ва на вазн.
Фақат қувва ва ҳиллаву ҳунар тавонад касро ғолиби майдон кунад ва рафту якеро ҷое лат ёбад ё беҷо шавад, касе ҷавобгар нест, на ҳариф ва на соҳибтўй. Ин бозист. Аз ин рў мардум «бозӣ-бозӣ, рангбозӣ» гўянд. Умматқули хароби болоқомат бол зада сўи довталаб рафт, то аз ягон ҷояш дорад. Гоҳе ки чанг ба чанг шуда боз аз ҳам раҳо гаштанд ва баъд даст бурда аз камарбанди якдигар доштанд, пеши назари Умматқул ду кас омад: падараш ва Талъат.
«Агар ғолиб бароям, падарам оҳанги суханашро дигар кунад ва Талъат...» Ҳамин вақт риштаи хаёли ў гусехт: ҳариф ўро попеч андохта пушт гардонданӣ шуд, вале Умматқул чолокӣ карда пой баргирифт, фурсати андеша намонда буд. Онҳо ин даст ҳамдигарро сар доданд, ҷома ва фўтаҳои каҷу кушод шударо аз нав ба низом оварда, нафас рост карда, боз сўи ҳамдигар шуданд. Вале ин дафъа ҳариф сахт гирифт. Ў аз паси гиребон ва миёнбанди Умматқул дошта пеш кашид ва попеч андохт. Ҳарду чанд қадам, ҳамчун раққосони рўи ях якҷоя ҷаста, ба пеш ҳам хўрданд. Ҳариф Умматқулро ба зер хобонданӣ шуда пояшро бозгирифта ба пушт тоб дод ва Умматқул, ки барои нағалтидан тамоми вазнашро ба пушт партофта буд, мувозинатро гум карда афтид. Ў афтиду мўи сари падар мисли сихҳои ҷайра рост шуданд. Хуни ў ҷўшид.
Ҷавонмарди ғолиб тўҳфае гирифта ба бағали яке аз давранишастагон гузошт ва боз майдонталаб давр задан гирифт.
Ҳама диданд, ки Худойқул ор карда маҳсӣ кашид. Поҷома бар зад, фўта ба камар баста ба майдон баромад. Пойҳои ў пурпашм ва нисбат ба пои писар кўтоҳи серрагупай буданд. Ҳангоми қадам мондан шикамчаи пояш меларзид. Худойқул дар ҳамин лаҳза номус, орият ва шарму ҳаёро хубтар ҳис кард. Ў як бор давр гашт, баъд ба ҷавонмарди ғолиб, ки тақрибан понздаҳ-бист сол аз ў ҷавонтар менамуд, нигарист. Худойқул аз ягон хусус фикр намекард. Хотираш ҷамъ, бепарво менамуд. Ў чандон шўхӣ накард, қомати вазнинашро хамонд. Пои росташро пеш монд…
Онҳо наздик шуданд. Ҷавонмард тан надод. Худро дур гирифт.
Якбора пуршаст сўи Худойқул ҳамлавар шуд. Худойқул худро пас кашида, аз гиребони ў дошт. Ҷавонмард миёни хеш дуздонд, то дасти ҷўгӣ ба камарбандаш нарасад. Самад мисли аспи ҷувоз, ки тозиёнае хўрда бошад, гирди ҷўгӣ чолок гашта ва чанг андохта аз камарбандаш дошт, вале миён надод, то ҷўгӣ низ фўтаи ўро дорад.
Дасти рости Худойқул аз гиребони ў сахт гирифта буд. Ҷўгӣ пои росташро пеш монда ба ў сурин дод. Паҳлавони ҷавон ҳилаи ўро фаҳмида ҳаллук наандохт. Ў вазни мардакро ба рост гардонданӣ шуда якбора ба чап тофт. Худойқул найранги ўро пай бурда, мувозинатро гум накард ва дар чунин ҳолат аз миёнбанди ҷавонмард дошта пеш кашид.

пешина
аз 429
навбатӣ