Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Додхоҳ ба ҳамин гап маътал будааст, ки парида аз дар баромад.
Қумрӣ надонист, ки раисро ба оши туппа даъват кунад ё на.
— Ба дил нагиред, падар,– ба ҷои узр гуфт Қумрӣ.
— Ҳеҷ гап не, ин гапҳо барои ман нав не,– Қумриро дилбардорӣ карданӣ шуд раис.
— Оши туппа фармуда будед, раис...
— Ягон вақти дигар.
...Куртаю поҷомаи атласи Қумрӣ ба ҳусни зебояш ҳусн афзуда буд; ё ҷамолаш зебу оро дошт либосро. Чунин сурату андом диққати ҷумла одамонро ҷалб накарда наметавонист. Ин чиз, дар айни замон, ба вай фарқе надошт; зеро берўиву бадгўиҳои Додхоҳ аз гўшаш дур нашудаанд ва хаёл дорад, ки ана-ана шавҳараш пайдо шуда, дар буни хонае ва ё дар хамгаште як корд зада кори ўро тамом кунад ва ҳарду аз якдигар халос шаванд. Дар ҳар қадам дилаш сахттар занад ва ў ҳамин чизро ҳис карда қадам оҳиста гузорад, то дил оҳиста тапад. Вале якбора рў ба рў омадани шавҳараш Додхоҳ тапиши дили ўро тамоман боздошт ё ў тапиши дилашро фаромўш кард ва ё дар ҳақиқат дилаш аз задан монд. Як лаҳза.
Сонӣ ў ба худ омада илтиҷоомез ба сўи шў нигарон истод.
— Читу? – пичингомез саволи муҷмал кард Додхоҳ ва ин оҳанг Қумриро ба худ овард, ки сари дил боло карда монд.– Дурўғ будааст-а? Пеши раисат арўс шуда омадӣ?..
— О номусулмон, ба ту чӣ хел фаҳмонам...
— Ҳоҷати фаҳмонидаи нест.– Қатъӣ буд сухани Додхоҳ.
Қумрӣ пай бурд, ки шў аз гапаш нагардад; ҳар чӣ гуфта бошад, ҳамон гап аст. Вале худашро нашинохта истодааст, ў на он Қумриест, ки дар идораи раис Додхоҳро аз гиребон гирифта, ба девор рост карда буд. Ҳолиё хоҳад ҳам, чунин корро карда натавонад.
Ё сахт тарсида ва ё хоҳад, ки чӣ будани гапро ба шў фаҳмонад.
Додхоҳ ба рўи ў нигоҳ ҳам накунад, сархам нест, балки рўй гардонида. Чунон ки ҳаргиз дидори занро дидан нахоҳад.
— Ин ҷо ягон гап ҳаст, Додхоҳ... Туро ягон кас аз роҳ задааст – чӣ гуфтанро надониста ва ё ғаши дил бароварданӣ шуд Қумрӣ.
— Раис, раис маро аз роҳ баровард.
— Ба раис начасп, ў ҳеҷ гоҳ бадии туро мехоҳад...
Додхоҳ гўё ба ин гап эътиборе надода, аз паҳлўи зан гузашт ва аз ин рафтори ў Қумрӣ хавфе ҳам надошт, вале баробари ба паҳлў гузаштан садои таппонча барин овоз баромад ва гўши Қумрӣ қуфл зада рафт. Садо дергоҳ дар гўшаш монд ва сонӣ маҳкам шуд, овозеро нашунид... Ў аз тарсу ваҳм ва зарбаи сахт дар ҷояш нишаст. Чашм пўшида ва гўшу бари рўй бо кафи даст маҳкам дошта, гумон кард, ки Додхоҳ гузашта рафт, вале аз зарба ҳам сахттар ба гўшаш садое бархўрд: «Танфурўш».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор