Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Қумрӣ гумон кард, ки дигар ҳаргиз аз ҷой хеста натавонад.
Хестанӣ ҳам нест, беҳтараш ўро замин фурў барад. Баъди чунин гап замин кашад, ки на дўст бинаду на душман. Ў ҳоло ҳам гўшҳоро дошта меистод, то дигар сухани Додхоҳро нашунавад.
Мисли кундаи дарахти бурида рўи роҳ лўнда шуда нишаста буд ва Додхоҳро аз ин ҳол парвое набуд, ки мардум дида чӣ қиссаҳо кунанд; баракс хост, ки ҳама чунин ҳолро бинанд, бинанд, ки «эркаи раис» то чӣ аҳвол расида? Сонӣ худашон пурсуҷў карда сабаби чунин руйдодро фаҳманд. Қумрӣ низ андеша дошт. Аммо нахоҳад, ки мардум ўро чунин афтода ва роҳмонда бинанд. Оҳиста кафи дастон аз гўшҳо гирифт ва гўш дод, ки аз куҷо чӣ садое ояд. Духтари командир, қаҳрамондухтар ин дам як зани мазлумаро монад ва гўйӣ ҳама хомўшиаш барои он буд, ки дам гирад, қувва ҷамъ кунад, сипас мисли шери ба хашм омада ба Додхоҳ дарафтад; ўро аз пой афканда, помол карда, гўшти баданашро газида-газида, туф карда; даҳону биниаш хунӣ гардонда, азоб дода, масхара дошта, кушад. Ў якрўя баргашта нигоҳ кард, Додхоҳ дар куҷо бошад? Набуд. Додхоҳ набуд. Сонӣ Қумрӣ хеста як ба атроф чашм давонда, касеро надид ва нафаси осуда гирифт. Баъд ҷониби хонааш қадам партофт. Ў мекалавид, мастона мекалавид...

...Қумрӣ кўчида рафтанӣ шуд, вале модар намонд: «Ман чунин ситезаҳоро бисёр дидаам» гуфт ва хоҳиш кард, ки назди раис рафта маслиҳат бипурсад. Аммо Қумрӣ андеша кард ва дар ҳар кор раисро овора кардан хуб не, гуфта, хоҳиши модарашро рад кард.
Садафмоҳ ин рафтори духтарашро хуш накард. Ў сабр кард. Як ҳафта аз Додхоҳ дарак нашуд. Гумон кард дигар наояд. Талоқи модар дода ҳукм шуд. Талоқ-ку талоқ, лекин ў андаке ба худ омада, аз дашному даҳони бефаровезаш шарм кард. Қумрӣ дилпур гашта, аз паи зиндагӣ ва кори хеш шуд. Модарро илтимос кард, ки ба Душанбе рафта як назар Умеду Юсуфҷонро дида ояд. Аммо модар хоҳиши Қумриро рад кард: «Ҳоло барвақт, боз як ҳафта сабр бикун, сонӣ рафта орам» гуфт.
Ҳарфи модар кўҳна нашуда Додхоҳ ба ин даргоҳ ҳозир гашт.
Масти беёд буд, по ба пояш печида, калавида аз девор ба деворе мезад. Дар даст мисрончаи оҳании мошинаш буд. Қумрӣ онро корд пиндошт. Калиди дарро аз дарун тоб дод.
Додхоҳ калавида-калавида ва дастонаш дарро палмосида дастаи онро ёфт ва то зўр дошт, кашид. Маҳкам буд. Худ ба худ ғур-ғур кард: «Ҳа... пеши вай рафтӣ?... Ё... ё дар хона гирифта шиштӣ...
А?.. Ку бикушо... Намекушоӣ?... Хайр, накушо... Накушода ҳам бин... Апа ин хел...– мисрончаро байни ду паллаи дар ҷо карданӣ шуда зўр зад.– Гандагӣ бошад, гандагӣ...»

пешина
аз 429
навбатӣ