Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ў базўр ба по истода, мисрончаро ба роғи дар ҷо карда натавонист. Баъд аз ғазаб мисрончаро кашидаю кушода шамшерсифат ронд, ки садои рехтани шишаҳои тиреза баромад. Худ тарсид. Як қад парида, боз дидаю дониста ба шишаҳои дигари тиреза мисрон зада, шикаста, резонд.
Сонӣ монда шуда, рўи ҳавлӣ қадам зада, ба гўшаю канори ҳавлӣ нигарист, ки чунин рафтори ношоистаро касе дидааст ё не. Ў аранге ба худ омад. Ҳушёри ҳушёр шуд. Ба сари шишапораҳо рафта, аз карда пушаймон, нигоҳ карда истод. Магар садое ба гўш расид, ки як қад парида, ақиб гашт ва тез омада рўи кати зери воич нишаст. Худро ором ва бегуноҳ вонамуда, ба ангурҳои воич нигарист: кишмиши сиёҳ пухта, тоифӣ ранг оварда буд. Ў ташна, дилаш ангур хоҳад, аммо канда натавонад. Гўё дар ин масъала ор кунад. Агар ҳамин корро кунад, дузд ҳисобида шавад. Ҳол он ки қаламчаи ин токҳоро худаш оварда, шинонда ба воят расонида буд. Як шингил канда, хўрда натавонад. Зиндагӣ ана ҳамин хел қозии қуззот, чунон кунад, ки нони даҳон фурў дода натавонӣ.
Ў сари мастӣ ва аз васвасаи шайтон омада ин ҷо шайтонӣ кард, вале ҳоло ки ба худ омадаст, аз карда пушаймон нишаста. Ягон кас ҳам наояд, ки кардаи ўро бинад, баъд вай баромада равад.
Зеро шишапораҳо кори ўст, ба сари дузде назананд... Тавба. Одам чӣ махлуқест?
Садои кушода шудани дарвоза баромад. Оҳиста сар бардошта нигарист: дарвоза маҳкам буд. Боз сар рўи каф дошт, боз садои дарвоза омад. Касе набуд. Сонӣ дарк кард, ки касе ўро масхара кунад. Ба шаст сўи дарвозахона нигарист, ки агар касе ин корро карда, руст шуда бошад, як назар бинад ва донад, ки бо ў кӣ шўхӣ дорад. Мисрончаи рўи кат гузоштаашро гирифта сўи дарвоза рафт. Даричаи онро нимроғ карда, берун нигарист, ки писарчаи ҳамсоя ба як табақаи дарвозаашон часпида бод равад ва ҳангоми пўшидаю кушода шудан ошиқмаъшуқи беравған мондаи он ғӣ-ғӣ садо диҳад. «Лаънатӣ!» дар дил писарчаро дашном дод ва хост баробари даричаро кушодан баромада равад ва ба ёдаш зад, ки ғараз аз омаданаш чӣ буд. Дарвозаро пўшида ҳавлиро бодиққат аз назар гузаронд: ҳавлӣ беоб мондааст. Чунон ки аз рўзи омада, ҷанҷол карда рафтанаш ба ин манзил пои одамизод нарасида бошад. Гулбаргҳои садбаргҳо рехта, ҷўякҳо роғ-роғ кафида буданд.
Пиндошт, ки ба пои қадами ў ин манзил сабз будааст. Лекин дарвозаи кушода ва қолии болои кат ин фикри ўро рад кард. «Ҳамин ҷойҳо будагистанд» дар дил гуфт ў ва некие карданӣ шуда, сари қубури об рафт, то ба ниҳолҳои пажмурда об сар диҳад, аммо мурвати қубур то охир кушода буда, қатрае об намеомад. Сонӣ ба қубури паҳлўи дарвоза, ки дами кўраи оҳангарӣ пахш карда об мебароварданд, наздик омада дастаи онро пахш карда, фишор оварда об бароварданӣ шуд.

пешина
аз 429
навбатӣ