Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Садафмоҳ Тўтиро бой дод: баъди панҷ соли анҷоми ҷанг Тўтӣ азобу ранҷу кулфатро бардошта натавониста аз олам гузашт. Аз ин сабаб Садафмоҳ ба Қумрӣ часпида, чун соя ҳамроҳ гардад. Садафмоҳ тарсу шудааст ва гумон кунад, ки Қумрӣ шишаи тафсони чароғи лампа ҳасту баробари расидани қатраи об торс кафад. Аз ин рў ўро мисли гавҳараки чашм ҳифзу ҳимоя кунад; зарур ояд, ба ҷои духтараш ба майдон барояд, чунон ки бо домодаш Додхоҳ кард.
Юсуф аз ҷанг баргашт, хизмати ватанро ба ҷо оварда, баргашт.
Фарзанди ҷонӣ надорад, Қумриро аз пештара ҳам дўсттар дорад.
Писари Қумрӣ ба ҷонаш баробар, лекин чӣ аҷаб, ки домод нафорад. Сабаби ҳамроҳи Қумрӣ ба водии Вахш нарафтанаш ҳамин аст. Ҳатто илтимосу илтиҷои Садафмоҳи меҳрубон ҳам ба ў кора накард, «хонабон мешавам» гуфт. Вале ба назари Садафмоҳ ў на ҳамчуи хонабон, балки ҳамчун соҳибхона дар Душанбе монд. Вахш аз Душанбе дур, аввалҳо рафту омад душвор буд, рафта-рафта мошинаҳо мўрчагон барин рафта меомадагӣ шуданд. Яксоата роҳ.
Барои он ки Садафмоҳ овора нашавад Юсуфҷон бештар ояд. Аммо ин дафъа аз омаданаш пушаймон шуд, кайфаш парид: аз носозии рўзгори духтар ва номуросоии онҳо сахт хафа шуда, баргашт.
То ин вақт гумон дошт, ки рафтору гуфторашон гилаю гузори заношўйист, аммо чун ҳолро дигаргуна дид, димоғаш сўхт. На барои он ки домод гапҳои сахт гуфтаст, на аз он ки Муҳаммадалӣ барин марди мўътабарро ранҷонидааст, балки барои хонавайронӣ ҳайфаш омад. Бинои зебо сохтан кори осон нест…
Хафа ва дилшикаста баргаштани Юсуфҷон Садафмоҳро ба ташвиш андохт, Ў худро сарзаниш кард; аз гуфтаву домодро аз даргоҳ ронданаш пушаймон шуд, аммо дар ин хусус ба Юсуфҷон ҳарфе зада натавонист, ки оқибат ҳама кор дуруст шавад. Ҳаққи чунин домод ҳамин, кавши ўро кайҳо пеш мондан лозим буд. Вале ҳамин ки шавҳараш рафт, ба дили Садафмоҳ оташ афтод. Фикру андеша карда, ба хулосае омад, ки бо вуҷуди берўйиву нокасиҳои домод, бо вуҷуди овозаю дарвоза шудани зисту зиндагиашон, бояд чорае биандешад.
— Қумрӣ! – ўро назди дарвоза боздошт модар. Қумрӣ бозистода ба вай рў овард, аммо чизе нагуфт. Модар хомўш назди духтар омад. Рост ба чашмони духтар нигарист ва нимовоз пурсид:
— Шояд дилат кашол бошад?
Қумрӣ чизе нагуфт. Аз дарвоза хомўш баромада рафт. Садафмоҳ нафаҳмид, ки дар дили ў чӣ андешае буд.
Андешаи хафа шудан ва ё хафа нашудани духтар аз сари Садафмоҳ нарафта, Қумрӣ баргашта омад. Китфонаш афтида ва пару болаш шикаста намуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор