Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Модар гумон кард, ки аз пурсаш хафа шуда баргашт, аз ин рў гунаҳгорона сар андохта.
— Аз гапи ман хафа шудӣ? – пурсид модар.
— Не,– сар ҷунбонд Қумрӣ, вале худдорӣ карда натавониста гирист.
— Чӣ шуд, чаро гиря кунӣ?
— Отам мурдай,– гуфта, Қумрӣ фарёди баланд зад ва худро ба оғўши модар андохт.
— Гиря накун, кирои гиря надорад,– ба тавраш Қумриро тасалло доданӣ шуд, аммо духтар чунон ангошт, ки сухани ўро нашунид.– Гуфтам-ку, кирои гиря накунад.
Қумрӣ боз ба гапи модар парвое накард, эътиборе надод, аммо ҳис кард, ки неши алмос барин як чизи тез пардаи дилашро бурида гузашт. Чизе гуфта натавонист, садое бароварда натавонист ва фарёду шеване, ки дошт, дар гулўяш бозмонд. Хаёлаш, он ҳама якҷоя шуда, даруни як мушт гушти хунин ҷой гирифта, дили гармашро ба фишор оварда, таркондан хост. Ҳамин фишори сахт буд, ки аз дидааш чашмаи ашк таровида рухсорашро тар кард.
Садафмоҳ ин ҳолу аҳволро дида пай бурд, ки хоҳу нохоҳ Қумрӣ ба дафни падар равад.
— То ҳамин вақт ўро падар ҳисоб мекардӣ?
— Оча-а!!!– фарёди талху тунде зад Қумрӣ.
Аз ин фарёди ў модар як қад парид ва чунин пиндошт, ки духтар ўро гунаҳгор донад, ҳам барои аз падар ҷудо шудан ва ҳам барои аз шавҳар мондан. Қумрӣ андеша дошт: ба модар чӣ гуфтанро надонист, лекин ба ў бояд чизе бигўяд: «Айб, оча, айб!
Ту ҳам бояд равӣ, ман ҳам бояд равам, ҳама бояд раванд»...
Одатан дар чунин вақтҳо касеро даъват накунанд, ки барои дафни фалонӣ бирав, ё ҳамроҳи ман ба дафни мурдаи падар биё.
Оби чашми Қумрӣ бозистод. Хаёли ў, фикри ў андаке аз маргу дафни падар дур шуд. Ў ба ташвишу таҳлука афтод.
— Чӣ фикр карда мондӣ? – қасдан пурсид модар.
— Ғами туро хўрам.– низ қасдан гуфт Қумрӣ.
— Чӣ ғами маро хўрӣ? Тараддуди рафтанро бикун,– маслиҳат барин гуфт модар.
— Рафтани ман чӣ тараддуд дорад? Як мошини раҳгузарро медораму рафт.
— Вақте ки мошини раҳгузарро дошта рафта будӣ, беморбинӣ буд, акнун мурдагўркунӣ меравӣ... Магар надонӣ, ки хароҷоти мурдаҳои ҳозира аз ҷамарғаи тўй зиёд шудагй... Ту донӣ, ки падарат писар надорад. Ҳамааш – писар ҳам, духтар ҳам худат... Рафтанӣ бошӣ, миёнатро маҳкам баста рав. Духтараш омад, чӣ овард?
гўянд. Тоқиворӣ диҳанд... ягон чиз партофтан лозим. Хайрот бояд дод. Лекин Мулло Шокир бисот надорад. Рўзаву намозаш ва бисоташ зан буд…

пешина
аз 429
навбатӣ