Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ҳамон бегоҳ раису занашро гусел карданд, Садафмоҳ барои духтараш шуда монд. Онҳо се рўз истоданд, аммо дар ин се рўз Қумрӣ дарунашро хўрд, ки кори саҳро чӣ шуд. Ҳарчанд медонист, ки шогирдони мошинкораш, бригадаи овозадору пуриқтидораш бе ў ҳам корро сомон карда метавонанд. Танҳо рўзи сеюм, баъди «оши се» Қумрӣ ба тақдир тан дода, бегоҳ ҳамроҳи хешон нишаст ва ба онҳое, ки дербоз медонист, як-як бадиқкат нигарист: Салима пир шудааст, пири фартут, ки дар ў ягон нишонаи занигарӣ намонда, ҷалоҷин барин. Мўи сари Санам ҳам сап-сафед. Дар назди ў модараш Садафмоҳ парӣ тобад. Вале Ҳурбибӣ барқ занад. Марди пир зани ҷавон нагирад будааст. Қумрӣ ғами худашро нахўрад, аммо донад, ки пагоҳ – фардо мардони занмурдаи зиёде ба зани саибаи падараш одам монанд ва ў аз номи падар рашк барад, ки ҳамин хел як ҳури дар оғўши падараш хобидаро кадом дев соҳиб шавад ва он гаҳ қисмати Садафмоҳ ба Ҳурбибӣ насиб кунад; мардони занмурда ба ў талабгор шаванд, вале ба болои палонҷ наафтад: ин расм аз миён рафтааст... Боз Қумрӣ шишта-шишта хулоса барорад, ки падараш одами хушбахт будааст, ки чунин занҳо гирифтааст: модари худаш ва Ҳурбибиро. Дар баробари он бадбахт ҳам будааст, ки Салима барин занро ҳам гирифтааст.
Не, Салимаро хеш гуфта, маҷбуран дода буданд. Он вақт Мулло Шокир ба ин чизҳо сарфаҳм нарафт… Инак рўшан нест, ки меросхўри падар кӣ шавад. Вақти ҳаёт буданаш чанд бор ба Қумрӣ гуфта буд, ки Умедро ба нуфузи бобо дарорад, то баъди сараш ин ҷоҳу ҷалол ба ў монад, аммо Қумрӣ розӣ нашуд ва он гузаштаи на чандон дурро ёд овард: вақте буд, ки падараш назди марди бегона Юсуфҷон рафта, гуфт, ки Қумриро ба фамилияаш гардонад, имрўз мегўяд, ки писари он духтараки безориро ба нуфузи худ гирад.
Бо чунин андешаҳо Қумрӣ ба хоҳиши падар розӣ нашуда буд.
Ҳозир ҳам розӣ не, ба касе ки насиб карда бошад, монад, гўяд.
Ҳурбибӣ аз Мулло Шокир фарзанд надид, алам - ҳамин. Содагӣ карда аз Салима донад, ки ў коре кард. Вале аз худи Мулло Шокир надонад, ки вақти ўро ба занӣ гирифтан пир шуда буд... Ана акнун Қумрӣ фикр кунад, ки баъди аз ин ҳавлӣ баромаданаш ин манзил чўл гардад ва худо донад, ки баъди «чил»-у «сол»-и падар дар ин ҷо чӣ нағмаҳое шавад. Агар Ҳурбибӣ шавҳар карда баромада равад, ин ҷоҳу ҷалол ба Салимаи пир монад. Санам, ки кулбаи худро дорад...
— Сафарамон пир шуд Қумрӣ,– баробари аз хоб хестан гуфт модар.
— Ҳа, пир шуд, оча,– нарм гуфт духтар.
— Хонаро хоб дидам, надонам, ки чӣ шуд. Хоби занак чап-куя, ба ҳар ҳол кас парешон шавад.

пешина
аз 429
навбатӣ