Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Садои мошин гапи Садафмоҳро бурид. Онҳо, ки ба сафар тайёр шуда буданд, гумон карданд, ки ягон мошиндори деҳа барои бурдани онҳо ҳозир шудааст. Вале ҳамин ки беруни дарвоза шуданд, мошини раисро диданд. Мошин ҳозир буд, вале ягон кас намеёрист, ки чизе бигўяд, ақаллан ронандаро барои чой нахонданд.
Қумрӣ ҳайрон буд, ки бехабару бемаслиҳат чӣ хел ў донистааст, ки онҳо ин замон ба сафар омода шудаанд.
— Тинҷӣ? – баъди салому алейк пурсид Қумрӣ.
— Тинҷӣ, раис фиристоданд,– гуфт ронанда ва ба чашмони Қумрӣ меҳрубонона нигарист, аммо занак нафаҳмид, ки нигоҳи ў чӣ маънӣ дорад. «Ҳамту, ба талафоти падарам раҳмаш омада нигоҳ кунад» аз дил гузаронд Қумрӣ...
...Аммо вақте ки ба дарвозаашон наздик шуданд, масъала равшан шуд: дарвоза калон кушода буд, дари айвони шишабандӣ ҳам.
Садафмоҳ пештар аз Қумрӣ ба хона даромад ва фиғон кашида боз берун омад: «Хонем сўхт, хонаро рўфта бурдаанд!»
«Болои мурда - сад чўб» аз дил гузаронд Қумрӣ ва «се рўз гиристанам басанда» гуфта, овоз набароварда ба хона даромад.
Рўи хона пой монда намешуд. Ҳама чизу чора ва бору бунаи хона такорў, омехтаву бетартиб мехобид. Як нафас хуни Қумрӣ аз ҳаракат бозмонд; нафасаш низ қарор истод. Чӣ гуфтану чӣ кор карданро надониста, ҳайратзада рост меистод. Ва баъди он ки модару дадааш Юсуфҷон ўро дилдорӣ дода ба худ оварданд, ба чизу чораи бесару сомон назар андохта «Дузд!» гуфт. Қуфли сандуқи калондар ҷояш, аммо сандуқи хурдӣ набуд. Гилемҳо, чанд кўрпа, косаҳои сервант, чойникҳои қирмизӣ набуданд. «Ин кори дузд не!» Баъди чунин талафотро пай бурдан гуфт Қумрӣ: «Кори касе, ки аз сирру савдои ин хонадон огоҳ аст». Ҳама ҷоро аз назар гузаронд ва чашмаш ба варақи дафтари чорхонае афтид, ки рўи пештахтаи тиреза меистод. Қумрӣ наздиктар шуда хати рўи онро хонд: «Ман ҳаққи худамро гирифтам»... Қумрӣ аз мадор рафта, рўи кўрпаҳои парешони рўйи фарш нишаст...
— Ёфтӣ? – дуздро дар назар дошта пурсид модар.
— Ёфтам,– маънии саволи ўро дарёфта ҷавоб гардонд духтар.
Юсуфҷон бисёр мехост, ки зудтар кӣ будани дуздро донад, аммо ба пурсидан забонаш нагашт.
— Худаш? – боз пурсид модар.
— Худаш.
— Кӣ вай? – тоқат накарда пурсид Юсуфҷон.– Шумо забони мурғон барин гап мезанед! – Бори нахуст ғазаби Юсуфҷонро диданд.
— Ту надонӣ, ки вай кист! – оташин ҷавоб дод Садафмоҳ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор