Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Ҳама дар саҳро, Қумрихон! – аз пас фарёд кард занак ва Қумрӣ шунид, ки дар овози ў заҳр омехта аст. Ў надонист, ки рост ба саҳро равад ва ё аввал ба сарои мошинҳо даромада мошинашро дидаю савор шуда, ба майдон барояд. Ба сараш зад, ки дар чунин рўз шогирдон нагузоранд, ки мошини ў дар сарой хоб кунад, барои ҳамин роҳашро давом дода то майдони калон рафт...
«Ин чӣ гап?» ба гўши Қумрӣ чунин савол омад. Ў ба пас нигариста, касеро надид ва пай бурд, ки ин савол дар мағзи сари ў такрор шудааст. Хаёл дар сар мерафт, ки раис баробари ўро дидан чунин савол кунад.
— Ассалому алайкум! – баробари ба сари замин ҳозир шудан одоб кард Қумрӣ.
— Ваълайкум ассалом! – ҷавоб гардонд, аз номи ҳама раис.– Биё, духтарам,– гўён тамоми хаёлҳои ўро ботил кард.– Ин лочинҳоятро бин, ту инҳоро чӣ хел тарбият кардӣ? – Қумрӣ пай бурд, ки раис ин гапро барои аз хиҷолат баровардани ў гўяд ва боз талху пичинг: «Кор тамом шуду акнун меоӣ?» Ў трактори худро дар байни киштзор шинохт, вале надонист, ки онро кӣ ронда овардааст.– Се рўз боз котиби якум ҳамин ҷо,– боз вазъиятро фаҳмониданӣ шуд раис,– на танҳо котиби якум, балки ҳар касе, ки ман узви республика, ҷону ҷигари он мегуфт, ин ҷо ҳозир буд...
Туро ҳам пурсиданд, ман гуфтам, ки...
Қумрӣ дид, ки духтарон барои дилбардорӣ ҷониби ў меоянд...

...Як ҳафтаи тамом гўсфанди аз бозор харида овардаи Юсуфҷон дар паҳлўи ошхона «баа» гуфт. Баъде ки корҳо басанда шуда, кишти пунбадона ба охир расид, Қумрӣ бо маслиҳати раису калоншавандаҳои колхоз маъракаи худойиро гузаронд.
Пунбадонаҳо аз зери хок неш зада, пўчок, ба сар бардошта баромаданд, дубарга шуданд, сабз гаштанд, барг бароварданд.
Аммо шабурўз аз саҳро мардум канда набуданд: ончунон интизори расидани ниҳоли пахта буданд, ки агар илоҷ биёбанд, панҷаҳояшонро появу муттако карда, қомати ниҳолони наврустаро болотар бардоштан мехостанд, то онҳо зудтар қувват гиранд, ки боз табиати носозгор бахилигарӣ накунад. Зеро одамӣ ба ҳама чиз қудрат пайдо карда бошад ҳам, ҳанўз ҳам ба кушодани банди аҷал ва гирифтани пеши роҳи баъзе офатҳои табиат оҷизӣ кашад.
Намигарии арасоте, ки имсол шуда буд, дер напоид. Охирҳои моҳи май саҳро танўри тафсон гашта буд. Кашоварзони ботаҷрибаю рўзгордида чунин аҳволро фоли нек надонистанд. Ҳаво якбора дам занад, борони бемаҳал борад. Тобистон якбора гарм шавад, оқибати хуб надорад. Фазо кушода, ҳаво гарм ва осмон мисли рўзи Наврўз беғубор буд, вале гашти рўз авзои ҳаво дигар шуд; ба назар намуд, ки аз рўи замин гирдогирд дуд баромада фазоро дар они воҳид печонида гирифт ва олам чун хонаи пардаи сиёҳ кашида торик шуд.

пешина
аз 429
навбатӣ