Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Ту шўятро ба хок супурда дағал шудайӣ, Садаф! – тоқат накарда гуфт Юсуфҷон, вале надонист, ки ин гап ба Қумрӣ чӣ сахт расид. Ин чизро Садафмоҳ пай бурд ва ба мард ҷавобе надод. Ҷавоб надода бошад ҳам, кўрпаҳоро ба тахмон рах зада, кўрпачаҳоро тори сандуқ чида, сухани шавҳар такрор кард ва дигар тоқат карда натавонист: «Бузро ғами ҷону қассобро ғами чарбу».
Юсуфҷон гумон кард, ки зан гапи ўро аломати рашк ва ё пичинг дониста чунин гўяд. Оҳиста хеста берун баромад ва чунон вонамуд, ки гапи занро нашунид.
— Хайр, акнун чӣ кор карданӣ ҳастӣ? – хаёли Қумриро парешон карда пурсид модар.
— Чӣ кор мекардам, пахта мекорам...
— Не, бо дузд?
— Ҳаққамро гирифтам, гуфтааст, даъво карда ҳам нашавад.
— Ту донӣ... он тарафаш кори худат,–охирин кўрпаро рах зада ва сўзаниро рўи рахти кўрпаҳо соз карда, гуфт модар.
— Ғами ман ин набуд, ман азокушоён карданӣ будам, лекин ии корро бин.
— Ягон чиз халал мерасонад?
— Пули мондагӣ дар сандуқчаи хурдӣ буд-ку.
Дами Садафмоҳ дарун зад. Берун баромад, то бинад шавҳар чӣ ҳол дорад. Ў на рўйи кат, балки рўйи замин нишаста буд. Тарзи нишасти ғарибонаи ў ба Садафмоҳ маъқул нашуд. Аз рафтору нишасташ пай бурд, ки дар ҳақиқат шўй ранҷидааст. Садафмоҳ шолчаи алои таҳ карда дар ошхона мондаро бароварда, тори кат партофт, то мард рафта нишинад, аммо Юсуфҷон ба ҷои тори кат нишастан аз дарвоза берун баромад. Ў худро дар ин мулк бегона ҳисобид, чунон ки дар Душанбе хонадомод буда, ҳеҷ гоҳ худро озод нашуморид. Оне ки Мулло Шокир ба хонаи Садафмоҳ омад, Юсуфҷон худро ақиб кашида ба гапу калочаи онҳо ҳамроҳ нашуд. Гап гапи Садафмоҳ буд. Ба ии чиз худи Юсуфҷон рухсат дода буд.
...Қумрӣ сари субҳ ба идораи раис ҳозир шуд. Ў медонист, ки дар идораи раис ҳамаи масъалаҳо то сар шудани рўзи корӣ ҳаллу фасл шаванд, аммо ин саҳар ҷуз занаки фаррош касе набуд. Қумрӣ раисро пурсид. «Наход, дар чунин рўз раис дар идора шинанд»
гуфта, зарда кард ва ҳатто ба либоси мотамии ў эътиборе надод.
Мазмун, аз ҳолу аҳволи Қумрӣ огаҳ набуд, ки боз пурсид: «Шумо дар маърака нестед?»
— Дар маърака,– ҷавоб дод Қумрӣ, вале маъракае, ки занак дар назар дошт, маъракаи пахтакорӣ буд.
— Пас, чаро раисро мепурсед?
Қумрӣ оҳанги гапи занакро нафаҳмид ва аҳамият надода, баргашта сўйи саҳро равон шуд.

пешина
аз 429
навбатӣ