Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Талъат оби дидаашро пок карда, барои аз тўҳмат халос шудан ҳар қасаме, ки ба забон ояд, гуфт. Вале Умматқул ду пой дар як мўза ҷой карда буд: бовар намекард. Рухсораҳои Талъат аз тўҳмату ашк чун лолаи зери борон метофт. Бинии теғадораш андак варамида ба ҳуснаш халал расонд. Мўйҳои тобдораш аз зери рўймоли лўлиёна чанбар бастааш баромада, аз насими назди дари чодар алвонҷ мехўрд. Фақат табассуми зебояш дар хами лабҳо шикаста буданд. Чашмони Умматқул ба чеҳраи ғамгини ў дўхта шуданд.
Ба назараш офтоб ҳамон офтоб буд.
Қиёфаи Умматқул то рафт ҷиддӣ мешуд ва суханхояш қатъӣ.
Талъат ҳарос дошт: мабод, ки аз даҳони ў ягон гапи ноҷо барояд:
«Рав!» ё «Ту ба ман зан не!» гўяд. Бннобар ин назди Умматқул омада, худро пеши пои ў андохт ва сарашро ҷунбонда «Бовар кунед» гуфта монд. Умматқул сари ўро тела дод.
— Дар ҷаҳон зане нест, ки гуноҳашро иқрор кунад. Ту мефаҳмӣ инро!
— Мефаҳмам. Лекин шумо бовар кунед... Ҳамаашро мегўям...
Ў чанд бор ба ман гап парронд. Васвос барин ким-чиҳо гуфт.
Ба гапаш гўш накардам. Чанд бор дашном ҳам додам. Ҳамон риши тор-торашро сила карда «Мебинӣ» гуфта буд. Дасташ ба ман расида бошад, кўр шавам... Ҳозир рафта аз гиребонаш мегирам...
— Сабр кун!... – Умматқул аз банди дасти занаш дошта ўро ба оғўш кашид, вале ба синааш корд халидагӣ барин ўро аз худ дур кард.
Аз беруни чодар садои хандаи ҷавон омад. Гавҳару Саидқул ҳозир шуданд. Онҳо дидаи тари Талъат ва қиёфаи абргирифтаи Умматқулро дида баромада рафтанд, то дар хоку регу гил хоначабозӣ кунанд.
Умматқул аз чодари торик, ки абрсон пеши офтобро мегирифт, берун омад. Талъат ду бари намади хаймаро бо қулоч дошта аз паси шавҳараш хитоб кард:
— Наравед! – Умматқул роҳи калонро пеш гирифта буд. – Нарав! Ист! – ў ба пас нигоҳе кард, боз қадам бардошт. – Ҳоли ман чӣ мешавад?! – вай пои луч аз паси шавҳар тохт ва баробари расидан худро ба оғўши ў партофт. Шавҳар, гўё дастонаш аз хунукӣ ногиро шуда бошанд, ором меистод. Талъат аз зери манаҳи ў ба чашмони хашмиаш нигоҳ кард ва оҳиста гуфт:
— Меравӣ?
— Меравам.
— Ба куҷо?
— Ба ҷое, ки чодари сиёҳ набошад. Бас. Як бор ба ҳурмати модарам аз роҳи азмкардаам гаштам. Дигар...
— Ин дафъа барои ман...

пешина
аз 429
навбатӣ