Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Акнун байни занҳо маслиҳат мерафт.
«Қоқи лаънатӣ чӣ мегўяд? Моро мекушад?»
«Ақлашро хўрдааст. Гапи онрўза ҳам беҷо набудагист? Барои Талъат шуда ҷавони нозанинро мекушад. Аз дасти ин қоқ мебиёд.
Мо чӣ кор кунем?»
«Ин қоқ ба дилам задааст. Ман ҳамроҳи онҳо меравам».
«Ман ҳам. Лекин гапи ўро шунидӣ?»
«Шунидам. Гурезем чӣ?»
«Ба куҷо?»
«Ҳамроҳи Умматқул».
«Боз меравад. Ҷанҷол мекунад».
Чашми онҳо якбора ба ду марди назди дари чодар афтид, ки аз шўълаҳои охирини гулхан ба сару рўяшон равшанӣ мерасид.
Рафторашон маълум ва суханашон шунаво буд.
«Не, бо милтиқ намешавад, – мегуфт Худойқул, – Ё бо корд ё бо ресмон».
«Охир, ў танҳо не-ку!»
«Танҳо мешавад...»
Худойқул як корди қассобиро аз соқи мўза кашида ба Маҳмараҷаб дод. Аз шўълаи оташ корд дурахшид ва мисли барқ пардаи тираи шабро чок карда ба чашми занҳо бархўрд. Онҳо ҳаросиданд, вале маслиҳат карданд, ки илоҷи шавҳарашонро ёбанд.
«Агар назди онҳо равад, аз пасаш рафта дод мегўем. Агар ин ҷо биёяд... Ана, ресмонро гир, – онҳо ресмонро гирифта ҳалқа карда аз ду тараф даруни дар истоданд. – Сарашро хам карда дарояд, ба гарданаш андохта мекашем».
Ў ба чодар наздик шуда «Занак, ҳо занак» ҷеғ зад. Касе ҷавоб надод. Сар ба чодари сиёҳ халонд: «Ин лаънатиҳо ҳам рафтаанд-ку!» гуфта баргаштанӣ буд, ки ба гарданаш ҳалқаи расмон давид.
— Кӣ лаънатӣ?! Худат лаънатӣ! Мурдор! – онҳо ресмонро аз ду тараф кашиданд. Гулўи Маҳмараҷаб хир-хир кард. Ў овози занҳоро шинохта, корд аз ғилоф кашид. Як тарафи ресмонро нимбур кард. Чашмонаш як шарора зада ба назар чодарро равшан кард ва ҳамон дам тира шуд. Танаи қоқаш ба чодар зад. Риштаҳои чодар канда шуд ва латтааш дарид.
Худойқул инро шунида омад. Ва ба гўшаш чунин гап даромад:
«Гард, он писаркушро ҳам нишон медиҳем». Ў дар ҷояш сурат шуд. Пас ба худ омада аз роҳаш баргашт ва дар торикии шаб ғайб зад. Занҳо ўро наёфтанд. Гўё шаби сиёҳи ғорсурат ўро ба комаш фурў бурда буд. Пас бо ҳам маслиҳат карда мурдаро ба чодари Худойқул оварда монданд ва якбора дод заданд.
Ҳама он сў тохтанд. Онҳо ба гирди мурда, ки як дасташ хуншор ва гулўяшро ресмон буғӣ карда буд, ҷамъ шуданд. Пас аз

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё