Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Не, раис-бобо.
— Ин ҷо ба шумо маъқул?
— Дар ин саҳро ҷои хубтараш ҳамин.
— Ба деҳа ё ба Зарафшон наздик шавед, хуб не?
— Садқат бишам, инҳо чия медонанд, кадомаш маъқул бошад, ҳамун хел бикун, – ба гап ҳамроҳ шуд Чинӣ.
— Хайр, ҳамаашро Абдуҷаббор тахт мекунад. Ин кас сардори шумо мешавад, гап бошад, мепурсед, – гуфт раис ва аз дасти Умматқул гирифта канор рафт.
— Аз мўйсафед дарак нест?
— Ман суроғ накардаам. Лозим донад, ягон рўз меояд.
— Умматқул, ман Ҷабборро барои баъзе корҳоро фаҳмондан роҳбар гуфтам, лекин ихтиёр ба дасти худат, бо ў маслиҳат бикун.
— Хона ҳам мепўшем?
— Албатта, Ҷаббор медонад.
Раис ба мошин нишасту рафт.
Ҷўгиён Ҷабборро саволборон карданд. Дар саволи онҳо оҳанги талаб ва тамаъ ниҳон буд.
Чанд рўзи аввал Ҷаббор бо онҳо гуфтаву хандида ва қофия зада мегашт, рафта-рафта ҷиддитар шуд.
Ҷўгиҳо мисли навшогирдони дабистон, ки қаламдориро надонанд, белу каландро ба нишон расонида наметавонистанд. Дар ҳама кор дасту пои Норҷон печонтар буд. Ғалтаку занбарҳо дар палҳои шолӣ даста ба дасти ҷўгиён мегузаштанд. Онҳо вот мебардоштанд ва аз ҷойҳои баланд хок канда, ба хамиҳо рехта, ҳамвор мекарданд.
Умматқул хок канда ба ғалтак меандохт ва Талъат ғалтакро ғелонда мебурд, пайи чархи ғалтаки ў мисли торҳои анкабут палро фаро гирифта буд. Саидқулу Гавҳар занбар мекашиданд, Норҷону Адҳам ҳам. Занҳои Маҳмараҷаб ҳам занбар мебардоштанд. Зани калонӣ аз пеш ва хурдӣ аз пас мерафтанд. Зани калонӣ ҳар вақт абрў ба ҳам мекашид. Гиреҳи абрўвони ўро касе намедид. Вақте ки якбора дасти чапашро силтав дода аз нав даста сахт мегирифт, палонҷи ў мефаҳмид, ки Онакалон ё монда шудааст ва ё ўро фикру хаёле ба ғазаб овардааст. Ў гулў меафшонд, ки Онакалон ба худ ояд ва ҳис кунад, ки имрўз оворагард нестанд, ба коре масъул шудаанд. Ба хона, ки рафтанд, ҳар қадар ҳасрат дошта бошанд, мегўянд. Кампири Чинӣ аз дунболи Ҷаббор сар-сари вот мерафт.
Ҷаббор ҳар ҷо истода ба кампир мефаҳмонд, ки ин палро вот бардоштан лозим ва он палро ҳамвор бояд кард. Занҳои Маҳмараҷаби раҳматӣ гўё гуноҳи саиба монданро ба гардани ҳамдигар партофта бошанд, лом нагуфта занбар мекашиданд.

пешина
аз 429
навбатӣ