Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Умматқул?! – фарёд зад Ҷаббор ва зуд аз даҳони ў тоқиро кашида гирифт.
— Умматқул?! – аз ҳайрат ва ҳаяҷон боз фарёд зад ў. Умматқул нафаси дарозе кашид ва ҳаво бурдаш, ки аз ҳуш рафт. Вале ресмони печида ўро бозмедошт. Ҷаббор корд аз наём кашида ресмонро бурид ва кушод. Умматқул аз бемадорӣ тахтапушт ба танаи дарахт соида, фурў нишаст, баъд пой ёзид.
— Чӣ шуд, Умматқул?
Ў дар ҷавоб сар ҷунбонд ва даст ҳаракат дод, то нафас рост кунад. Баъд ба ишораи даст сўи болооби Зарафшонро нишон дод.
— Ҳамон тараф рафтанд? – пурсид Ҷаббор, Умматқул сар ҷунбонд.
— Ту рафтан нахостӣ?...
«Ҳа», боз ба ишораи сар ҷавоб дод ў.
Ҷаббор гўё аз шарҳи воқеа огоҳ шуд, ки дигар напурсид. Досҳоро аз давродаври дўлона барчид, ба каҷоваи мотосикл ҷо кард, баъд омада, аз китфи Умматқул бардошт.
— Бихез, ба мотосикл савор шав, меравем.
Умматқул хеста натавонист ва мадад хоста, даст сўи ў дароз кард. Ҷаббор ўро бардошт ва ба каҷова нишонд ва худ савор шуда сечархаро пеш ронд. Хеле хомўш рафт, чанд бор баргашта ба ў нигарист. Баъд пурсид:
— Ин чӣ хел шуд, Умматқул?
— Отам омада буд...– базўр овоз баровард ў.
Сечарха худ аз худ тормуз хўрд. Бригадир ба ў нигоҳ кард.
Сечарха хомўш шуд. Ҷаббор онро аз нав даргиронд ва ба роҳи калон баромад.
— Занат ҳамроҳат истодан нахост?
— Хост, вале зада-зада бурданд...
— Ё аввал ба идора равем, а, Умматқул?
— Не, онҳоро расондан лозим.
— Боз отат зада накушад?
— Не, вай акнун метарсад.
— Аз чӣ?
— Аз колхоз, аз мо...
Ҷаббор дигар ба ў гап назад... Сечарха мисли бод мерафт.
Каҷова Умматқулро бардору зан мекард. Ў бо гўшаи чашм ба бригадир нигариста рамуз гирифтанӣ шуд, боз нигарист, боз нигарист, боз ва боз. Сечарха ба сари Дупула омад, баъд қад-қади Зарафшон сўи болооб роҳ паймуд.
— Биргад, росташа гўм, – хомўширо вайрон карда ба гап даромад ў, – Дина баъди досҳоро оварда, рафтани шумо, ҳама ҳайрон монданд, ки пагоҳ чӣ хел мо дарав мекунем. Моро бересмон бастанд, мегуфтанд. Дудила буданд, ки ба дарав бароянд ё не...
Ними шаб хоб будем, ки отам пайдо шуд. Моро «ғулом шудаед»

пешина
аз 429
навбатӣ