Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Пирамард ўро по зада ҳамчу тўби футбол дур андохтанӣ шуд, вале занак сахт часпид. Рўймоли ғиҷими сабзи нимдошт ба гарданаш фаромад ва пешонибанд парида, ба паҳлў афтид, мўйҳои то ин дам шона нахўрдаи ў аз зери рўймол намудор шуданд. Гавҳар фарёд кашида худро ба назди модар зад ва аз гардани ў оғўш кард.
— Қанчиқҳо, шумо сар кардед! – гўён боз по зад Худойқул ва Умматқулро монда ба инҳо часпид. Остини яктаҳи аз сари китф чоккандаи ў, ки танҳо қулфаки зери бағалаш медошт, шорида то бозуяш фаромад. Китфи пашмини ў ёде аз хирсони ваҳшӣ меовард. Чашмони ҳоло ҳам тези ҷўгиёнааш ба косаи ғазаб табдил ёфта буд.
Ў қомати дар ин чанд рўз лоғаргаштаашро хам карда, ба мўи зан чанг андохт. Ду миллаи ба сони кокулони духтарчаҳо кўтоҳ, вале каммўву мошу биринҷаш ба дасти пирамард омад. Худойқул тамоми вазни занакро ба ҳамин миллаҳо овезон карданӣ шуда бардошт.
— Умматқул! – фарёд зад пиразан. Умматқул омад, аз пушти гиребони яктаҳи падар дошта пас кашид, гиребони яктаҳи аз арақу чирк пўсида канда шуда ба дасти ў омад, вале тани ў наҷунбид.
Ин бор Умматқул аз зербағали ў даст андохта пас кашид, вале пирамардро ҷунбонда натавонист. Бозувони ў мисли санг буданд ва худаш чун яккамех ба замин фурў рафта буд.
— Ту аз ман чӣ мехоҳӣ? – дасти писарро бо бозуяш ба паҳлў пахш карда пурсид ў.
— Ҳеҷ чиз... Миллаи ўро сар деҳ!
Худойқул милларо сар дод ва баргашта бори дигар рост ба чашмони ў нигарист. Умматқул ҳис кард, ки аз чашмони ў оташе дам мезанад. Як лаҳза дасту пояш суст шуд. Гўӣ сурбе буд, ки аз ҳарорати баланд об мегашт, вале ҳарорат зуд паст фаромад, ки сурб аз нав сахт шуд.
— Бас кун, ота… Мушт ба дарафш задан хуб нест, – ўро нарм карданӣ шуд Умматқул.
Падар боз дандон соид. Пой афшондаю силтав дода аз оғўши зан гирифт ва аз гиребони писар дошт.
— Ту ба ман роҳ нишон медиҳӣ? Ту маро душох карда, ба марғзор сар доданӣ ҳастӣ? Не... Не... Мефаҳмӣ? Не!!! – Ў ги- ребони писарро сахттар гирифт, ба сўяш кашид ва кашидаву кушода ба рўи чапи ў зад. – Наметавонӣ!!! Даюс!
Мўйҳои ғулии сари синаи бараҳнаи Худойқул бардошта шуданд. Як китф ва тахтапушташ бараҳна гашта буд. Худойқул мисли маймуни одамшакл менамуд. Бригадир дуртар истода, бо дарду лати дасти худ овора буд. Давраи дастбадасти ҷўгиҳо мисли ҳалқаи давваки дор, ки аз як сар касе кашида бошад, тангтар шуд.

пешина
аз 429
навбатӣ