Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

мегуфтааст.
— Апаи Чинӣ, инро аз ман пурс, – арз кард бригадир.– Чўпон Аёз ном дошт, аз доноиаш вазири Султон Маҳмуд шуд. Гуфти худат, мўкиашро дар шифт овехта монд. Ҳар бор, ки аз худ мерафт, ба мўкӣ нигариста мегуфт: «Аёз, ҳадди худро шинос!»
— Садқат бишам, гап дар он нест, ки вазир шуд ё шоҳ. Гап дар он ки худро шинохт...

11

Боғоти «Чилдухтарон» аз ҳама бештар ба Гавҳару Саидқул хуш омад. Онҳо ҳамон дам ба лошии дарахтон сар карданд. Себҳои дубара чиданд. Рўзи дигар ба дарунтари боғот рафтанд.
Кампири Чинӣ аз паси онҳо баромада ба боғот, рўдбор ва ҷари «Чилдухтарон» нигоҳ мекард. Вале онҳо аз дарахте ба дарахте ба лошӣ рафта аз назар ғоиб шуданд. Саидқул аз шохҳои баланди дарахти чормағз лошиҳои аз чашми зоғу аккаҳо хатохўрдаро сангкорӣ карда мезад ва ба Гавҳар медод. Гавҳар як остин чормағз ҷамъ кард. Саидқул ба духтар худро як ҷавони болиғ нишон доданӣ мешуд. Китфон мебардошт. Сари дилаш мисли сари синаи тамоми ҷўгиён кушод буд. Дониста пой мемонд. Ў духтарро торафт ба пешгаҳи боғот бурд. Аз паси дарахтон садои рўд меомад. Садои дигаре нест, гўё паррандаҳо ба ҷойҳои дур парида рафтаанд.
Аккаҳои дузд ҳаросида аз шохе ба шохе мегузаранд, вале хомўш.
Фақат аз садои шохсор афтидани баргҳо ба гўш мерасад ва бештар садои хазони зери по. Саидқул ҳоло ҳам солор меравад. Ҳар замон баргашта ба духтар менигарад ва табассум мекунад.
— Куҷо меравем? – мепурсад духтар.
— Лаби рўд.
— Чӣ кор мекунем?
— Ман туро мекушам.
— Чӣ?
— Агар гапамро нагирӣ, мекушам.
— Чӣ гап гуфтӣ, ки нагирифтам?
— Нагуфтаам, мегўям, вале медонам, ки боз ҳамун гапи ҳароматро такрор мекунӣ ва ғазаби маро меорӣ...
Гавҳар модарашро як назар байни дарахтон дид ва ҳамон лаҳза гум кард. Дилаш дар ҳарос афтод. Ў байни чанд дарахтро дартоз гузашт ва боз ҳамон кас ба назараш намуд ва аз боғот ба канори рўд хам хўрд. Гавҳар тохт. Саидқул фарёд зад.
— Куҷо меравӣ, Гавҳар?
— Ҷим, очам мебинад! – духтар ба ишораи даст модарро нишон дод, вале Саидқул ўро надид. Духтарак тезтар тохт. Дар паси охирин дарахти канори боғ баҷо шуд, модараш лаби об қарор гирифт, пас ба атроф нигарист.

пешина
аз 429
навбатӣ