Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Касеро надид, бархост, сўи хона равон шуд. Ў сию ду рагашро як ҷо карда тезтар гашт, то зудтар ба хона расад. Вақте ки аз паси хона гузашт, дили мўйсафед тапид. Нафасаш гашта, бозистод. Китфи росташро ба паҳлўдарии дарвоза монда, нафас рост карданӣ шуд. Вале тоқат накарда даруни дарвоза қадам монд ва поида-поида рафт, ки занак сар бар лўла гузошта ва пойҳояшро лўнда карда, рўи кўрпача хобидааст.
Дастархонро ғундошта, паҳлўи лўла мондааст. Бори дигар дили мўйсафед сахттар тапид. Даҳон кушода нафас кашид ва барои он ки занак аз омаданаш хабардор шавад, сурфид. Занак сар бардошта «Биёед, бобо» гуфт ва рўймоли сарашро аз нав баст.
Мўйсафед рафта паҳлўи ў нишаст ва гаштаю баргашта нигарист. Сипас лабони аз ҳаяҷон ва бемадории пирӣ парсин бастаашро бо забон нам карда, ба гап даромад:
— Рости гап, ман ба хаёлҳои дур рафтам. Бигўй, ки ту кӣ ҳастӣ?
— Гуфтам-ку, бобо, ман Холҷон.
— Чӣ хел Холҷон? Ман худам ўро гўр кардам... Шояд духтараш бошӣ?
Занак боз гирист.
— Охир, чаро намегўӣ? Чаро ҷим мешинӣ? Чаро руст мекунӣ?..
Боз гиря ҳам мекунад... Чаро?
— Ман ҷўгӣ, бобо, чӣ хел духтари ў шавам?
— Набошад, Искандар ба ту чӣ лозим? Ў ба ту кӣ мешавад?
Занак даст бар рўй кашид: «Гўям, чӣ шавад, нагўям, чӣ шавад?»
— Росташро гўй! – ба ў луқма медодагӣ барин муроҷиат кард мўйсафед.
— Агар дар ҷаҳон ду оҷизаи шўрбахт ва сарсахт бошад, якеи он манам. – Хоҳиши ўро чунин ҷавоб гардонд занак.
— Агар ҳамон духтар ту бошӣ, ин гапат хуб нест... Фақат зинда монданат аз тамоми сарвати дунё зиёдтар аст!
— Ман дар бораи давлату дороӣ намегўям. Ман рўзҳои сахтамро дар назар дорам. Аз барои мо дар мушхонаҳо ба худ гўр кофтани модарамро мегўям...
— Пас ту ҳамон духтар?!
«— Ҳа» – сар ҷунбонд занак.
— Гули бобош… – сари ўро сила карда гуфт мўйсафед ва гўё акнун барои мурдаи модари ў мегириста бошад, рўй яктарафа карда бо мушт оби чашмашро пок кард. Баъд худро ба даст гирифта, ба гап даромад: – Гули бобош, бигўй, ки чун ба ин ҳол афтодӣ?
Чун ҷўгӣ шудӣ? Туро муаллима бурда буд-ку?
— Ҳа, маро муаллима бурда буд, лекин ман ҷўгӣ шудам.
— Гурехтӣ?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё