Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

— Не, акнун фол намебинам. Шумо ба лафзи ҷўгӣ бовар намекунед... Ҷўгӣ... Шумо медонед, ин чӣ маънӣ дорад?
— Медонам. Мардуми бемакон, оворагард.
— Не-е, шумо инро намедонед... Ҳар гоҳ падарам мегуфт, ки вақти рўзӣ тақсим кардани Худованди ҳаждаҳ ҳазори олам тоифае дар хоби ғафлат монда, баъд аз тақсимот ба боргоҳи Худо рафтааст. Худо «Ман ризқро тақсим кардам. Ризқу рўзии шумо дар рўи мардуми олам аст. Рав, ҷўю гир» гуфтааст. Ва аз ҳамон рўз ин тоифа номи «Ҷўгӣ»-ро гирифтааст, оворагард шудааст.
Баъд мардҳои тоифа аз садақаталбӣ ор карда халтаву асоро ба дасти занҳо додаанд...
— Матлабат бад не, духтарак... Боз чӣ гап дорӣ?
— Гапи бисёр дорам... Гуфта наметавонам.
— Барои чӣ?
— Охир, шумо... аз ҷўгиҳо ҳазар мекунед, нону обашонро намехўред.
— Кӣ гуфт? Дар ин як сол чӣ қадар нону намаки шуморо хўрдам...
— Не-е, маро фиреб надиҳед.
Шариф табассум кард. Вале духтар маҳзунӣ гирифт ва сар ба зер афканд.
— Хафа шудӣ, духтарак!
— Не, барои чӣ хафа шавам, қисмат ҳамин будааст.
— Чӣ хел қисмат? Охир, дигар ин матали гуфтаатро ба коғаз навишта ба пешонии шумо часпонанд ҳам, намеистад... Лекин аз лўлӣ, ҷўгӣ ё ягон номи дигар гуфтан ҳеҷ чиз каму зиёд намешавад.
— Шумо хонда, одами калон мешавед-а?
— Не-е, ин хел гумон накун. Ҳама хонда калон намешавад...
— Не-е, ман медонам, ки...
— Хайр, боз гап дорӣ?
Духтар ҷавоб нагуфта аз зери кўҳи «Чилдухтарон» садои ҳуштаки сахт баромад. Баъд ҳар яки он чил духтари сангшуда ба тақлид садоро такрор карданд. Духтарак тарсид ва беихтиёр ба Шариф ҷафс шуд.
— Ҳа, чаро меларзӣ?
— Ин ҳуштаки вай...
— Ҳуштаки кӣ?
— Вай — Саидқул.
— Хайр? Аз ў метарсӣ?
— Не-е.
— Натарсӣ, чаро меларзӣ?
— Ҳамин хел, вай бадҷахл, девона аст.
— Ин хел бошад, набиё буд.
— Охир, охир, ман бояд ба шумо гапамро мегуфтам...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ