Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 393 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Ин хел бошад, ба хотири ту ман меравам.
— Не-е... Акнун ту ҳамту рафта натавонӣ. Ту бояд барои мурдаи Карим ҷавоб диҳӣ.
— Чӣ, ўро ман куштам?
— Ага не?.. Ту намебудӣ, ҳеҷ кас ҷуръат надошт, ки ба ин баландӣ трактор барорад.
Каргас ҳоло ҳам дар фазои дара чарх мезаду давр. Вай гўё бо болҳои тезаш фазоро харошиданӣ мешуд, то рухи ойинаи шаффофро канад. Раис болотар рафт, то сари қулла баромада, каргасро «кишк!» гўяд. Вале ў рафта барзаговҳоро аз зери юғ озод кард ва лаби ҷаре омад, ки ба вазни трактори Карим тоб наоварда, канда шудааст. Аз ин ҷо то ба зер ғел гаштани трактор маълум не, вале ҳоло дар поён кабинаи пачақаш якпаҳлў мехобид. Ў аз сари ҷар ба трактор нигаристу бод чунин садоҳоро ба гўшаш расониданд: «Боғотро қир кардӣ, молу ҳоли мардумро кашида гирифтӣ, Каримро куштӣ, боз чӣ хоҳӣ? Акнун мисли лошахўр лаби ҷар истода, маслухеро интизор шавӣ?»
Ў ба ин суханон ҷавоб надод, зеро ин гапҳо барояш нав набуданд. Аз қисмат, тақдир, ҳаводис ва тасодуфоти рўзгор фикр кард. Ҳатто дар гумонаш ҳам набуд, ки дар ин дараи бекас ҷуз даррандагони ваҳшӣ ҷинси башар ба ҳам бадӣ мекарда бошад.
Ва ин фикр аз сари ў дур нашуда, дар паҳлўи чап сояи дарозашро дид ва беихтиёр боз сараш чап гашт, ки дар тахтапушти соя сояи ду дасти ёзидаро дид ва якбора худро як қадам паҳлў гирифта, барқсуръат ба пас гашт. «Раис» панҷаҳояшро чанголи гиро карда ва аз ноомади кор дандонҳо газ-газ ва чашмон косаи ғазаб сўи ў ҳамлавар буд.
— Магар барои молу пули дунё одам одамро кушад? — ба сулҳу салоҳ даъват карданӣ шуд Ҳасанов.
— Хун ба хун,— нофаҳмӣ дошт раиси собиқ.
— Ту хунро аз ман талаб накун, ўро ман накуштаам.
— Кӣ кушт? Ту намеомадӣ, ў намемурд.
— Аҷал одамони неку бебокро барад. Масалан, ту барин нокасон дар он дунё ҳам лозим не.
— Кӣ нокас?! Боз ту забондарозӣ дорӣ, а? Забонатро аз пушти сарат накашам, одам набошам.
Вай боз ҷаҳл гирифт. Дастони ў дар ҳаво буданд, ангуштонаш фишор хўрданд. Ба назараш, ки Ҳасанов миёни панҷааш бошад, дандон ба дандон монда фишурд. Дандонҳояш фишор хўрда, дард ёфт магар, ки девонавор сўйи ў ҳуҷум овард. Вале раис наҷунбид.
Чун кўҳпора рў ба рўяш истод. Марди рўинтан будани ўро пай бурд, ки мижа зада, ҳушёр шуд ва суханони ўро ба худаш бозпас гуфт:
— Ҳа-а, аҷал барои одамони бад наояд.
— Ту чӣ хоҳӣ, девона?

пешина
аз 393
навбатӣ