Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 393 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Хун...
— Овора нашав, ман кайҳо хун рехтаам,— ўро андаке масхара дошта, гуфт Ҳасанов.
— Не-е, ман хуни ту шумқадамро нарезам, аз камари Мулло Исрофил набошам,— боз ба ғазаб омад ў ва хам шуда, аз соқи мўзаи «раисиаш» корди калони бағилофро кашида баровард.
— Ҳм-м...— овора нашав гуфтагӣ барин садои гулўйӣ баровард Ҳасанов ва ба хаёлаш омад, ки муборизаи некию бадӣ равад ва дар ҳар ҷой ки некист, бадӣ мисли соя гардад. Ў дид, ки мардак аз таҳдид намемонад, маломат кард:
— Ту тавонӣ бо ин теғат боз ягон барзаговро кушта, бихўрӣ, вале ба одамкушӣ ғайратат нарасад!
— Чӣ-ӣ? Чӣ гуфтӣ?
— Бо ин теғат баргазов бихўр, гуфтам.
— Ту, як омадаи ноошно, маро масхара ҳам кунӣ? — дов кашида пеш омад ў. Ҳасанов, ки лаҳза ба лаҳза аз рўи эҳтиёт пас-пас мерафт, яке гўшаи чашмаш ба говронае афтид, ки сари замини шудгор рост зада буданд. Вай канори рост барҷаҳид ва говронаро кашида гирифт, мадори дил шуд.
— Ман талоши нафс надорам, ман некии одамонро хоҳам,— говронаро ба ҳаво алвонҷ дода гуфт Ҳасанов.
— Ҳамту? — андак суст гашта ва корди дасташро паст фароварда, нобоварона пурсид ў.
— Ҳамту,— говрона ба замин зад раис.
Баъд мардаки кордбадаст боло-боло рафтан гирифт ва ягон даҳ қадам аз раис дур шуда, гуфт: — Куҷо дидаӣ, ки чўб кори теғ кунад?
— Куҷо дидаӣ, ки рўбоҳ кори шер кунад?
Ў бори дигар кордашро ба нури офтоб ҷило дода, коҳ-қоҳ хандид. Хандаи ў ба хандаи одами солим монанд набуд. Бардавом хандид ва ҳамон зайл хандон дартоз шуд; то ҷое тохт, ки говронаи дигар сари замин рост зада шуда буд: «Ваҳ-ҳа-ҳа»,— баландтар хандид ў ва говронаро болои сар гардонда, дод зад: «Инро ба танаи говон зананд. Ваҳ-ҳа-ҳа! Дар ин кўҳистони бекас куҷо донанд, ки туро кӣ кушт?!»
— Кўҳистонро ту бекас гумон кардаӣ, кўҳистон бекас нест,— гуфт ў ва ба говронаи дасташ нигарист, ки чўби заранг аст, андаке дилаш бардошта шуд.
Вале ў дар дасти чап корд дошт ва говронаро бо дасти рост болои сар ҷавлон дода, пеш омад. Ҳасанов андеша кард, ки аввал зарба зада, кордро аз дасти ў афтонад, баъд он тарафашро бубинад. Акнун рўю риё лозим нест. Бояд девонавор ба ў зарба зад.
Магар мардак низ ҳамин чизро пай бурд, ки говрона шамшерсифат шув-шув ба ду тараф андохтан гирифт. Ҳаво мебурид говронаи ў.
Ҳасанов як ба пушт нигарист, ки ҳамвор ҳаст ё не. Баъд пояшро баҷотар гузошт.

пешина
аз 393
навбатӣ