Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

«Шав-шув, шав-шув» — ҳаворо мебурид говронаи мардак. Ў гардани ғафсашро пеш хамонда, пеш омад ва чашмонашро боло карда, аз зери абрўи ғуллиаш нигарист.
Ҳасанов чизе нагуфт. Омода гашт, то баробари наздик шудани ў якбора ҳуҷум оварад, ба дасти корддораш занад. Ҷон — ширин...
Ҳар чӣ бодо бод. Ба назараш, мардак мисли калхоте, ки болҳояшро ба афшондан ковок кунад, китфон бардошт, вале чӣ гирифте буд, ки худро афшонда натавонист ва Ҳасанов аз фурсат истифода бурда, шамшерсифат говрона андохт. «Вой, номард!» — фарёд зад мардак ва корд аз дасташ афтид, вале тарсид, ки хам шуда гирад; аз хавфи он, ки Ҳасанов боз занадаш, пас-пас рафт. Дасташ сахт сўхт. Ба назар кор намекард. Даррандаи захмӣ барин ба хашм омада буд. Ҳасанов боз говрона бардошт, ки бар ў занад, вале дасташ дар ҳаво муаллақ монд. Баъд ў ба рақиб нигарист, ки суст шуда, нўги говронааш ба замин расида буд. Рагу пайҳои дар ҳарбу зарб таранггаштаи мардак суст шуданд. Говрона аз дасташ афтид ва ба корд ҳам нигоҳ накарда, чун ҳайвони гурехта якбора рўй гардонд ва гурехт, пешипо хўрд, лағжид, ханҷолкаш рафт, чорпо рафт. Ҳасанов дид, ки дасти чапи ў мисли боли шикаста кашол буд. Ў чун даррандаи тирхўрда ҳоло ҳам тан надода, кашола шуда, аз дами қир ба пас хам хўрда, аз чашм ғайб зад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор