Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 393 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Чунин мақом ба Бобо хуш омад ва дар рўзномааш навишт, вале дигар нашунидааст, ки баъди он чанд бори дигар бидон ба завод омаду рафт? Тавба, дар дунё баднафс бисёру як кас наёрад, ки равғани ҳамон бидонро хўрад...
Ҳоло дигархелтар: ҳар кас барои шири супоридаву пули гирифта ҷавоб диҳад. Захирагар ҳам... Аз куҷо омад ин муфаттиш? Аз Мункар – Накир ҳам батар. Як папка зери кашу ҳар саҳар пайдо шавад; деҳа ба деҳа гардад ва ҳар касро алоҳида пурсад, аммо бисёр касонро пайдо карда натавонад; онҳо дар деҳа нестанд.
Баъзеҳо номи онҳоро шунида пиққӣ ханданд, аммо нагўянд, ки дар куҷоянд. Фақат Ҷўра-чатоқ «онҳоро аз қабристон меёбӣ» гуфт, муфаттиш нафаҳмид, балки бо вай тую ман кард, ки ў бо кори масъул омадаасту ин мардаки бедаҳан масхарааш гирад.
— Худи шумо чанд гов супоридед, Ҷўра-ака?
— Ман? Ман гов дошта бошам, шир хўрам, чаро фурўшам?
— Гов фурўхта пулашро гирифта хўрдаед-ку!?
— Ман гов ҳам нафурўхтаам, пул ҳам нагирифтаам...
— Ин имзои шумо не?
— Не, ман ҳоло ҳам ба ҷои имзо ангушт пахш мекунам, бинед, паи ангушт бошад, имзои ман.
— Ангушт не, ручка... бинед, рангаш бунафш...
— Не...
— Шир ҳам надодаед?
— Шир додам.
— Гов набошад, шир аз куҷо шавад?
— Буққача харида будам...
Муфаттиш дигар аз ў чизе напурсид ва папкаашро бардошта рафт. «Аз ин мардум ҳеҷ чиз фаҳмида нашавад.»
«Аз ин ҳам хубтар кор бикун, раис мешавӣ!»
Саҳл мондааст, Бобо қимоб шавад аз ин ҳарфҳо. Мардум ўро сода дониста чунин гўянд, аммо ба вай сахт расад, ки масхара мекунанд. Наход онҳо надонанд, ки раис шудан ба дасти кас нест, балки раисро таъйин кунанд; пайдо нашавад, оварда монанд. Аммо аз чӣ бошад, ки айёми ҳосилғундористу раис ёфта натавонанд...
Ин чизро низ Бобо дар рўзнамааш қайд кунад: «Колхоз ҳоло ҳам раис надорад...» Муфаттишҳо корро тамом карда, парванда ба прокурор супориданд. Захирагар рафту ҳисобчии ферма. Ва ҳоло ҳам раиси собиқро ором нагузоштанд, ки ҳама кор аз фармудаи ў берун нест, аммо захирагару ҳисобчӣ фатво доданд, ки раис ба ин корҳо дахл надорад; ҳама корро худамон кардем ва ҳар коре карда бошем, ба фоидаи колхоз кардем; чизеро нахўрдаем, чунон ки ба муфаттиш гуфтанд, ба прокурор ҳам гўянд.

пешина
аз 393
навбатӣ