Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 393 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Лекин прокурор ҳалқаро тангтар гирифт:
— Чӣ маҷбур кард, ки шумо ба ин роҳ рафтед?
— Плон!
— Чӣ хел плон? Плон шуморо маҷбур кард, ки ба номи мурдаҳои қабристон ширу равған гузаронида, пулашро худат гирифта хур?
— Ман пул нахўрдаам, рафиқ прокурор... Сонӣ ин корҳо аз касе руст не... Шумо ҳам донед, раис ҳам донад, котиб ҳам донад, тамоми коргарҳои район, вилоят, республика донанд... акнун ки ҳалқа танг омадаам, ҳама гуноҳро ба сари ман бор мекунед!
— Тиш! Гапи худата зан!
— Хўш, гапи худама мезанам... Ҳамин корро ман накунам, каси дигар мекард.
— Ба фоидаатон намешуд, намекардед? Шумо аз мурдаҳои гўр ҳам фоида мебаред. Кадом мурда шир супорида...
— Вақте, ки плонро иҷро кардан лозим ояд, рўҳу арвоҳ ҳам бояд мадад кунад, вагарна аз зиндаҳо мадад кам аст; мадад кунанду аз гиребон гиранд... Шумо барин.
— Бас!
— Не, «бас» не! Агар дар ин ҷо нагўям, дар ҷои дигар мегўям!
Шумо медонед, ки ҷавобгарии ин кор зиёд аст ва касе ба калла нагирад, каси аз ҷонаш гузар карда ин корро кунад. Ҳамон каси аз ҷонаш гузаркарда – ман. Ман медонистам, ки оқибати ин кор нек нест, аммо қабул кардам, барои обрўи колхоз, обрўи район...
Ман дар назди шумо ҷавобгар.
— Чӣ хел дар назди ман? Дар назди давлат!
— Ҳо, дар назди давлат... гўё ҳама барои давлат кор мекунем, ҳама одами давлатем, шумо ҳам, ман ҳам, лекин вақте ки кор чигил омад, яке коргари давлат шавему дигаре хоини давлат...
Шумо-ку ҳамин корҳоро медонистед...
— Чӣ хел?
— Медонистед, ки ҳар колхоз, идора, ҳатто одамон плон доранд ва роҳҳои иҷрои плонро ҳам медонед ва чаро як бор дар ягон ҷамъомад нагуфтед, ки мо бо роҳи хато меравем, ба чашми давлат хок мезанем?
— Ба фикри шумо, ба кӣ гўям буд ин гапро? Ба котиб? Ба боло?
— Шумо чаро ба ман гап ёд медиҳед? Шумо гунаҳгор ҳастед, ман бояд шуморо пурсам...
— Маро пурсида шуданд. Ҳама чиз равшан. Акнун вақти пурсидану ошкор кардани ман омадааст. Дар сари устали суд ҳам ман ягон ҷавоб намедиҳам... Ба ҷои ҷавоб савол медиҳам... Ленин ба мо ин хел давлатдориро наомўхта буд, бо маълумотҳои дурўғу пуч кисаи давлатро пур кунед, нагуфта буд...

пешина
аз 393
навбатӣ