Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Гоҳе ки ҳама фароғат кардан мехоҳанд ва аз тамоми гирудори ҳаёт осуда ҳастанд, дили ў метападу дили ман. Чаро ў хоб намекунад ва намегузорад, ки ман аз пайи кори хеш шавам ва ақаллан дар бораи оламу одам фикр кунам. Ман хеле таҳаммул кардам, ки шояд ягон кас ба ў фаҳмонад, ки ин зайл рафтор кардан мумкин нест, ба рафоату фароғати мардум халал расондан хуб нест ва ў ором гирад ва ақаллан садои ин оҳангу навоҳоро, ки ағлаб шабҳо такрор мешаванд, паст кунад.
Вале ин кор намешуд. Аз афташ, ҳеҷ кас ба ин кор халал расондан намехост, ё намехост, ки носеҳи ягон кас шавад ва ё ин оҳанг ба ў ҳам хуш меомад. Ё шояд ман хато кунам? Шояд, баъде ки ҳама ҷой хомўш мешавад, садопардаҳои гўши ман ба ларзиш дароянд ва ё шояд ин садоҳо ҳўўў аз он сари кўҳ, аз дурии дуриҳо ва ё аз моҳ оянд?
Ман баъзан гўшҳоямро медорам ва оҳангҳо паст мешаванд.
Бархоста ба назди тиреза меоям ва оҳанги дигар сар мешавад.
Ва чунин менамояд, ки ин оҳангҳо аз ҳамин наздикиҳо, ҳамагӣ чанд ҳавлӣ он тараф, меояд, вале вақте ки бод ба дигар тараф мегардад, мусиқиҳо зайле шунида мешаванд, ки қувваи кашиши офтоб нисбат ба қувваи кашиши замин зўртар баромада, оҳангҳоро аз моҳ кашида мегирад. Ва ба ман чунин менамояд, ки дар ин кашокашҳо гоҳе Офтоб зўр мебарояд ва гоҳе Замин.
Вақти зиёде гузашт, вале ҳеҷ кас ин оҳангҳоро қатъ карда натавонист. Ва пас аз чанд вақт ҳаво сард мешавад, тирезаҳоро мепўшанд ва дигар ман ин оҳангҳоро намешунавам. Ва шояд он кас, ки ин қадар мусиқиро дўст медорад, воситаи дилхушии дигар ёбад, ин оҳангҳо такрор нашаванд ва барои ман мисли асрори азал монанд. Имшаб азм кардам, ки ҷўстуҷўй карда ин тарабхонаро ёбам ва ҳамин ки аз ошёнаи баланд ба кўча фаромада, ба ҷойи дидкардаам равон шудам, садои мусиқӣ аз гўшҳоям дур шуданд.
Яқин кардам, ки дар он хонаи кории ман ягон сеҳре ҳаст ва ё дар он ҷо гўшҳоям ҷеғ мезананд ва ҳар гуна оҳанг пайдо мегардад.
Ман дар кўча ҳайрон мондам. Сабурона гўш додам, ки шояд оҳанг тамом шуда бошад ва оҳанги тозае садо диҳад... Аз роҳам бозгаштам. Ва ҳамин ки ба хонаам дохил шудам ва шарфаи поям қарор гирифт, боз садои мусиқиро шунидам. Аҷабо, чаро маро фиреб мекунанд? Чаро гўшҳоям ба ман душман шудаанд? Дар ин замона, ки ман ягон душман надорам, гўшҳоям, ки ҳаргиз онҳоро дида наметавонам ва ба худ дўст гуфта мегардам, ба ман душман шудаанд, вале ман ин душманамро кушта наметавонам... Сар аз тиреза бурун карда ба он тараф менигарам, ки аз осмон рехтани оҳангҳоро медида бошам, вале дар ин ғояти шаб ҷуз иморатҳои шиферпўш, дарахтон ва ситораҳои дури як гўшаи Осмон чизеро намебинам. Ва оқибат ба хулосае меоям, ки ин оҳангҳоро Зўҳраи чангӣ аз он баландӣ менавозад. Вай махсусан хоби ҳамаро баронда, менавозад, ки ман хубтар шунавам ва ба садои нозуки торҳо хубтар сарфаҳм равам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё