Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Вақте ки кабке садои кабки дигарро мешунавад, гарданашро каҷ карда, гўш ба он овоз медиҳад, ки аз кадом тараф аст, то лозим шавад, парида ба он ҷо равад. Ман ҳам якрўя шуда, як гўшамро ба он тараф доштам. Чандон дур нест.
Аз афташ, ҳўў, он ҷо, дар зери он чароғи фурўзон, ки тамоми саҳни ҳавлӣ ва деворҳои ҳамсояҳоро равшан мекунад, кадоме ин оҳангҳоро батакрор мемонад.
Имшаб ҳам ман дурреро аз ин баҳри мусиқӣ ба каф оварда натавонистам. Мисли дилшудагоне, ки фаро расидани лаҳзаи дидорро нигарон шаванд, оғози ин китоби сеҳрнокро мунтазир будам. Имшаб он қадар мошинҳои зиёде аз назди хонаам мегузашт, ки натанҳо ба шунидани садои мусиқӣ, балки ба шунидани сухани мусоҳибам халал мерасонд. Ҳайрон будам, ки чаро мардум ин қадар ташвиш доранд. Мисле ки як соли дароз меҳнат карда ва дар дақиқаҳои охирин даррасидани соли навро бесаброна интизор шаванд, имшаб чизеро чашмдор буданд. Ба назарам ман хато мекунам, онҳо чизеро интизор нестанд, балки ба ҳамон тарабхона мешитобанд ва пас аз чанд замон кадоме барояшон мусиқӣ менавозад. Шояд он мусиқачӣ нобино бошад ва он эъҷозкориҳояшро набинад. Набинад, ки мардум ҳангоми навохтани ў чӣ лаззатҳо мебаранд. Қиёфаҳо ба чанд алвон мегарданд. Агар ў бино мебуд, ин қадар оҳангҳоро пурсўзу гудоз наменавохт ва шояд ягона лаззати ў аз дунё ҳамин бошад, ки ҳастиашро қурбон карда менавозад. Вале ҳоло садое нест. Ё мардум ҷамъ нашудаанд. Ё ин мусиқинавоз лаҳзаи нокомиашро нигарон аст. Шояд ў ошиқе буд ва дар ҳамин ғояти шаб дилдораш аз бари ў рафт, ё тамоман аз ҷаҳон даргузашт.
Вале ҳоло ба навохтан сар накардааст, ман ба андеша меравам.
Оҳангҳои ў сар нашуда қаламамро рўйи коғаз гузоштам, гўё имшаб садоҳои шинос ба ман халал намерасонанд, балки ман интизорам, ки кай сар мешаванд. Дер шуд, косаи сабрам ҳам лабрез гашт.
Ман ба хулосае омадам, ки ў ҳарчи номуродӣ дошт, ба муродаш расид ва дигар наменавозад. Ў дарёфт, вале ман гум кардам. Ман ба он оҳангҳо дил баста будам, ноком шудам. Оҳ, чӣ хел шуши ман якбора ҳавои зиёд хост. Ман нафаси дароз кашида, диламро сабук кардам. Нафаси дарози маро садои мусиқӣ пахш кард, гўё ман зинда шудам. Ба кўча нигаристам, ки боз ягон мошин мегузашта бошад, дигар мошин намегузашт. Бигуморидам, ки меҳмонон рафтаанд ва базм сар шудааст.
Тахмини ман дуруст барин. Ин мусиқӣ аз ҳавлие бармеояд, ки ниҳоят равшан аст. Ба кўча баромадам. Боз мусиқӣ қатъ гашт. Ин дафъа аз роҳам барнагашта, ба сўйи гузари зери адир равон шудам.
Дар кўчаҳо мардум гаштугузоре надоштанд. Ба хамгаште расидам, садои ҷорўб омад. Марде ҳамроҳи зан ва духтараш хазони рўйи роҳ ва ҳарчӣ мардум рўзона аз дасти худ он ҷо афканда бошанд, мерўфтанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё