Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 393 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дар ин рақс як шарму ҳаё буд.
Назокате дошт. Ва ин рақсро ҳар раққоса иҷро карда метавонист.
Вале гумон аст, ки рақси «Кабўтар»-ро ҳар кас рақсида тавонад.
Ва ман интизор будам, ки баъди ин рақс мардум каф мекўбанд ва Мулкия рақси «Кабўтар»-ро иҷро мекунад. Ин тавр нашуд.
Баданамро фарошо гирифт. Дигар нишаста натавонистам ва худро мухбир сохта аз паси саҳна рафтам, ки бо ў гуфтугў кунам.
— Салому алайкум! – одоб кардам ман. Духтарак сар ҷунбонд.
— Ба назарам шумо дар филармония кор мекардед?
«Ҳа» – боз сар ҷунбонд духтар.
— Рақси «Кабўтар»-ро иҷро мекардед?
«Ҳа».
— Куҷо шуд он рақси шумо?
Ба ҷойи ҷавоб мижаҳои ў бозӣ карданд.
— Аа, медонед чӣ, – ба гап даромад роҳбар, – дар дастаи мо ин хел дойирадаст нест, ки оҳангро нҷро кунад.
— Чӣ, ин кас забон надоранд? – пурхашм шуда пурсидам ман.
— Чаро? Доранд.
Ман дигар ба роҳбар эътиборе надода ба духтар рў овардам:
— Мулкияхонум, – духтар як қад парид. – Филармонияро партофта ба театри район рафтан барои шумо муваффақият буд?
Духтарак ларзид. Ва ман дидам, ки дар чашмонаш ашк ҳалқа зад, пас сар ҷунбонд: «Не». Ман яқин кардам, ки ў забон надорад ва бадбахтии ў дар ҳамин аст. Ба роҳбар нигаристам.
— Ман ба шумо гуфтам-ку, аз ў чизе фаҳмида наметавонед,
– аз нигоҳам рамуз гирифта гуфт ў.
Мулкия пас гашта рафт. Ман аз ў чашм канда будам, вале дил накандаам.
— Шояд сабабашро шумо донед? – ба роҳбар рў овардам ман.
— Шояд шумо ҳам ягон вақт ошиқ шуда бошед? – ба саволи ман чунин савол кард ў.
Консерт тамом нашуда буд. Ман аз дарвозаи саҳни ҳавлии театр баромадам. Пайваста як суол ба сарам мегашт: «Чаро? Чаро?
Чаро?» Чаро Мулкия чунин рафтор кардааст? Ман бовар намекардам, ки ў ба ягон кас дил бой дода, аз паси ў кашола шуда, аз баҳри ҳама чиз баромада бошад.
Тирамоҳ даргузашт, зимистон ҳам рафт, баҳор фаро расида ҳама чизро зебо ва ширин гардонда буд, ҳатто паррандаҳо дар ин фасл хушрў менамуданд ва овозашон ниҳоят форам буд. Ман тирезаҳоро мекушодам. Садои кукуи мусича, кум-қуми кабўтар, чирик-чирики гунҷишкон меомад, аз куҷое ҳудҳуд: «Паккук, тут пухт, хишш!», паррандаи зард: «Тилилӣ, лилӣ, лиён, ман духтараки сўфиён» гуфта мехонд, эзорсурхак гўё ки дари хонаро касе бо ангушт мекўфта бошад, ба дарахт нўл мезад.

пешина
аз 393
навбатӣ