Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 393 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Инҳо оҳангҳои нав ба нав буданд, ки то ин дам ман эътиборе намедодаам. Агар зебоӣ ба дарди кас нахўрад, хунук менамудааст. Ман оҳангеро интизор будам, ки бояд ҳушу хаёли маро ҷамъ мекард. Тирезаҳоро боз мондам, вале насими сарди шабонаи дарёи Душанбе намегузошт, ки то як ғояти шаб табақаҳои тиреза кушода истанд.
Ин ҳолат дер давом накард. Акнун тирезаҳо шаборўз боз буданд. Имшаб дили ман чизеро ҳис мекунад. Гўё деворҳои хонаи ман ботароват шудаанд. Бод ба пардаҳо бархўрда алвонҷ медиҳад, ки онҳоро бардорам. Ман пардаҳоро ба ду канори тиреза ҷамъ кардам. Шаббода ба сару рўям зад. Баъд як оҳанги ҳазин ба гўшам расид. Гўё ба тани ман ҷон даромад. Қоматамро бардоштам.
Гўшҳоямро дурусттар доштам. Садое набуд. Шояд ягон кас радио монда мавҷеро кофта истода бошад, ки як оҳанги ҳиндӣ ё эронӣ якбора садо дода қатъ гардид. Боди саргардон боз он оҳангро давр занонда овард. «Наход ин рост бошад? Наход, ки ўро фиреб дода бошанд? Наход ки ишқу муҳаббат то ин дараҷа даргузар ва беқадр шуда бошад?» ба худ суол мекардам ва гўш медодам, ки кай ин оҳанг шўхтар мешавад. Вале ҳазинии оҳанг гум шуда ба ғазаб гашт. Ба якбора паст ва хомўш шуд, вале акси садояш дар гўшҳоям ва деворҳои хонаам боқӣ монда буд. Оҳанг аз нав такрор шуд. Боз ва боз. Баъд хомўш шуд. Гўё ў хеле хаста гашта, дар шаби аввал ҳамин қадарро кофӣ донист. Акнун ҳар шаб ин оҳанг такрор мешуд. Ва ман дар назди тиреза истода онро гўш мекардам.
Мақсади оҳанг ва сабаби такроршавии онро пурсуҷў намекардам.
Вале якбора ба сарам зад, ки шояд Мулкия барнагашта, ин кори хоҳари ў бошад... Ҳама хоб, шаҳр хоб, чароғи хонаи ман месўзад.
Аз берун садои ҷорўбкашӣ меояд: «хиш, хиш, хиш». Вале ман гўш ба оҳанги дуродур дорам, ки боиси илҳоми ман шудааст. Имшаб навои махмалин, ки ба тори асабҳо ва дили ман равған шавад, садо намедиҳад... Ба ман як чиз – мусиқии ошно намерасад, ки қалам аз рўйи коғаз бардорам. Гўё Зўҳраи чангӣ боз тамоми оҳангҳоро мисли оҳанграбо ба худ кашидааст.
Садои ҷорўбкашии саҳни ҳавлӣ ҳам басанда шуд. Баъди андаке танаффус, ки тамоми шаҳр ором шуд, дари хонаи маро хеле боэҳтиёт нохун заданд. «Кадом кўдаки бехоб аст, ки дасташ ба занг нарасида нохун мезанад»? дар дил мегуфтам. Оҳиста аз сари миз бархоста назди дар рафта каме истодам. Боз садои нохун баромад. Напурсида дарро кушодам: дар паси дар духтараке буд.
Маро дида салом гуфта натавонист. Пайкари ў меларзид. Мазмун, дилаш ҳам метапид. Худам ҳам ҳайрон будам, на аз ў чизе пурсида метавонистам ва на даро мегуфтам. Ин духтарак хоҳари Мулкия буд. Бо ин ташрифи бемаҳал дили маро аз дилхона баровард.
— Чи?.. – давоми суханамро гуфта натавонистам.

пешина
аз 393
навбатӣ