Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Сўзанҳои табакгузаронӣ аз офтоб ҷило медоданд. Аробакаш мисли кўдаки камақл лаҷоми аспро на ба сўйи дашт, балки ба сўйи деҳа тофт ва: «Хўрок хўрда, меоям»
гуфт. Вале аз шипанг, ки дур шуд, ба худ омад, ки ба куҷо рафта хўрок хўрад. Ў лаҷоми аспро такон дода «чу» гуфт ва аз он тараф садое баромад. Ёрмуҳаммад ба тарафи рост нигарист, ки дар назди ҳавлиаш мошине хишти пухта рехт ва аз зери он хиштҳо дуду чанги ғализе баромада, пеши чашмони ўро гирифт ва ба назараш сақфи хона фурў ғалтида, аз сари девори вайрона зане, ки муддате пеш ба мотосикл савор шуда буд, ба ў арбада кард:
— Тоқатам тоқ шуд, ман дигар ин хел зиндагӣ карда наметавонам.
— Чӣ хел?
— Зани аробакаш.
— То ин вакт зани аробакаш будӣ-ку?
— Будам...
— Будед... Акнун наметавонед? Магар аробакаш ба доманаш...
— Кайҳо. Акнун хабардор шудӣ?...
— Дирўз аз газета хондам, дар як мамлакат 95 фоизи занҳое, ки аз шавҳарашон ҷудо шудаанд, кор карда, пул ёфта метавонистаанд, шояд шумо ҳам... Шояд шумо ҳам ҳамин чизро ба назар гирифта бошед?
— Пагоҳ бояд ба идора ойӣ, – гўё сухани шавҳарашро нашунида ҳарф дигар кард.
— Ту ба ароба шин, барг кашон, ман ба идораи ту меравам.
— Ароба барои ту баринҳо мезебад!
Ёрмуҳаммад тоқат наоварда ба мўйи гирди сар печонидаи ў чанг зад ва як тарсакӣ ба баногўшаш фароварду аз дарвоза баромада рафт.
«Чу»! якбора ба худ омад ў ва лаҷоми аспро ба ақиб тофт.
«Сараша хўрад» гуфту ба асп тозиёна зад. Барои оташи нафрат ва ғазабро фурў нишондан аз фўтааш як газ нон ба даҳон кард ва хойида натавониста, рўй ба сутун зада, сиёҳ кардани занаш ва ўро ба идора зўран бурданашро ба ёд овард. Нон ба комаш часпид. Чунон ки он рўз забонаш ба ком часпида, ягон чиз ногуфта, баромада омада буд, вале то алвақт сабаби кирдори занашро нафаҳмидааст. Занаш он қадар боло нарафтааст, ҳамин қадар, ки ба ҷойи занаки ба мураххасӣ рафта иҷрочӣ аст. Ёрмуҳаммад медонад, ки ў пеш аз ба ин кор рафтан як шаб ўро гуфт, ки ҷудо хоб рав, аз баданат бўйи асп меояд. Бори дигар «гулўям буғз кард» гуфта ба саҳни ҳавлӣ баромада, хоб рафт ва оҳиста-оҳиста ҷогаҳбезор шуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё