Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Толор ором буд, гўё чанд нафари ҳузурдошта низ нафасҳо ба дарун кашида буданд. Баъд ҳамон оҳанги дар гўшҳои ман мисли сурб рехта садо дод ва духтаре дар пўсти мор ба саҳна омад. Мори масти баҳор хазида, печутоб мехўрд, ҷастухез мекард, заҳр задан мехост. Пўсти нақшини ў дар зери нури моҳчароғҳо ҷило медод, вале ҷилояш нафратовар буд.
Дар ин бозӣ ҳам садои тир баромад. Мор як рост шуд ва баъд шалаппос зада ба замин нақш баст. Мор заҳр зада натавонист. Ба худ мепечид. Сари захмиаш зери танаш монд. Мор ҷон меканд.
Вай мисли кабўтари сафед аз нав ҷон нагирифт, балки ҷон дод.
Вай мурд, вале ҳоло ҳам думаш бозӣ мекард...
ХОНАИ НАВ
1
Аробае бепарво мехазад. Офтоби тамуз нами бадани аспи Моҳрўро ҷафидааст, ки бемадор қадам мепартояд. Аробакаш аз каллаи худ ба чашму рўяш соябон сохтанӣ шуда, пойҳояшро ба шотуҳо тиргак монда, бар зин сукут меварзад. Насими саргашта аз дара вазида, таровати оби ҷўйи деҳро ба бадани шалпари асп ва рўйи аробакаш зад. Моҳрў як қадам фарохтар гузошт ва авзои соҳибашро ба инобат гирифта боз бо мароми аввал рафтан гирифт. Аробакаш аз санглохи тафсон гузашта ба дарахтони аввали доманаи деҳ наздик омаданро ҳис карда сар бардошт, ба қуттиҳои болои ароба нигарист, ки шорида пас наафтида бошанд.
Дар рафти ароба бо рўйи шотуи чап ба бордон гузашт ва шолчаи аз рўйи қуттиҳо лағжидаро пеш кашид. Боз ба рўйи зин омада, аспро «чу» гуфта тозиёнаи мисли қамчини шербозони сирк дарозро болои сар давр занонд. Моҳрў боз тез қадам гузошт. Чашми аробакаш ба зани дар сояи дарахти чормағзи пире истода афтид ва гўё ба худ омада аз лоғарии асп номус кард ва тозиёнаро ба шотуи ароба зад. Асп пойҳояшро ба замин тира карда, ба пеш зўр зад. Ароба аз паҳлўи сояи чормағз гузашт. Занак пушт ба ароба гардонда меистод. Ароба дуртар рафт. Аз пеш мотосикли сечарха омада ба аробакаш нигоҳ ҳам накарда, гузаро шуд ва назди зан қарор гирифт. Зан ба мотосикл нишаст. Мотосикл ба сўйи деҳаи дигар, ки идораҳои колхоз он ҷо буд, раҳсипар шуд.
Мотосикл дар чанги чархҳояш нопадид гашт. Аробакаш ба паси ароба нигарист ва худ ба худ савол дод: «Ҳар ду мегардад, чаро мотосикл чанг мебаровардаасту ароба не. Вай мешитобад, барои ҳамин. Асп ҳам тез давад, аз зери сумҳояш чанг мебарояд, ҳатто шарора мепарад». Аробакаш ҳоло ҳам ба қафо менигарист. Ногоҳ ароба қарор гирифт ва мағали занону духтарон баромад.
— Чаро ин қадар дер?
— Дар роҳ хар намурдааст-ку?
— Акои Ёрмуҳаммад, сўзану ришта ҳайрон монд. Аспатонро қамчин занед, намешавад?
Дар зери саволу пичингҳо Ёрмуҳаммад қуттиҳои пур аз барги тамокуро ба занҳо дароз мекард. Занҳо баргҳои тамокуро ба сояи шипанг рехта, қуттиҳоро ба ароба монданд ва таъкид карданд, ки ин дафъа тезтар биёяд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё