Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 393 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Бригадир шуд. Дугонаи маро гирифт… Бо Муаттар шабҳои маҳтоб даравгар шудем. Кўрмаҳтоб шавад, орзу мекардем ва ба якдигар мегуфтем, ки шўй бояд чор кас медидагӣ бошад.
Ҳар ду аз бахти табелчӣ сухан мекардем. Табелчӣ чандин бор ба ман нигоҳи ошиқона кард, вале Муаттарро гирифт. Гўё худ аз худ ман бо Муаттар ҷангӣ шудам ва дигар ўро надидам... Ягона чизе, ки маро азиз аст, ҳамон нигоҳ аст, ки дар дами марг ба манаҳ ва абрўву мижгони Назир андохта будам. Ман хато накардаам?»
Саволи Ҷавлон ўро ба худ овард. Ба назараш аз байни деворҳои вайрона Ёрмуҳаммад ба ў нигоҳ мекард. Як қад парид ва боз Назирро ба ёд овард: «Ноинсоф, ман туро гуфта, танҳо шудам, вале як шабро аз ман дареғ доштӣ». Сабр накарда ба ҳавлии ҳамсоя гузашт. Кампири Бибираҷабро ҳамхоба овард.
— Духтарам, сари танҳо иморат сохта истодаӣ, азоб намекашӣ?
– пурсид кампир.
— Колхоз ёрӣ медиҳад...
— Ҳа... Духтарам, даравгарӣ карда мегаштӣ, хуб набуд? Ҳам беҷанҷол, ҳам номат таърифҳо қатӣ баромад. Акнун ба ҳар ош намак. Дар тамокукорӣ ҳам биноӣ будӣ.
— Ҳа, холаҷон... Хонаро рост кунам, дигар кор меёбам. «Фалонӣ занашро задааст... Ҳамсоя саги маро як дос зада, кушт…
Шохи дарахти пири ҳамсоя соя мекунад... ниҳолҳои мо қад намекашанд... Мурғи ман дар ғарами алафи бисмадонӣ тухм мекардааст».
Ба дилам задааст. Охир ҳамин масъалаҳоро худашон ҳал кунанд намешавад? Баччаи ягонтааш аскарӣ равад, ман қасдан мекардаам. Номи бригадирҳоро гўё ман хоста, ба мукофот пешниҳод мекардаам. Нашуд. Ба назарам аз ин кори серғавғо нест.
— Духтарам, ҷавони ҷавонию, шўятро ягон рўз ба идора ҷеғ зада, оштӣ шав. Вай одами хуб аст.
— Хола?!
— Хайр, боз худат медонӣ.
Садои чархи аробаи Ёрмуҳаммад баромад. Кампир ба Ҷавлон нигоҳ кард. Ў худро ба нодонӣ зад.

4

— Ҷавлон! Муаттар ҳамаашро фаҳмидааст.
— Хайр?
— Метарсам, ки ягон балоро сар накунад.
— Ман аз аввал медонистам, ки шумо тарсончак. Лекин ваъдаатонро фаромўш накунед: «Барои ту ҳама чизро қурбон мекунам».
Инро ман нагуфтаам.
Назир гашти мотосиклро суст кард ва баргашта ба Ҷавлон нигарист. Ин пагоҳ дар рўйҳои сиёҳҷурдаи ў равғани ҷурғот ҷило медод.

пешина
аз 393
навбатӣ