Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 393 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Фарқи лайс ва рўймоли пасисарбастаи ў ҳаваси Назирро овард ва ў иқрор кард, ки ҳама чизро қурбон мекунад.
— Ман имрўз дидам, ки иморат қариб рост шудааст.
— Ба ин кор фикр накарда даст задам.
— Чӣ хел?
— Ба як сари қоқ ҳамин ташвишҳо чӣ лозим?
— Соддагӣ накун. Хайр!
Назир ўро дар назди идорааш фаровард ва мотосиклро баргардонда рафт. Дар роҳ ба аробакаш дучор омад: Ёрмуҳаммад аробаро дар алди роҳ дошта, пеши мотосикли ўро гирифт ва аз ароба фуруд омад. Рў ба рўйи ў рост истод. Мушташ гиреҳ мешуд, дар дасти чап тозиёна меларзид ва дандон ба ҳам месойид.
— Роҳ деҳ! – дўғ зад Назир.
Аробакаш каме китфонашро бардошт ва бо овози ларзон гуфт:
— Медонӣ, ки чӣ кор кардӣ?
— Медонам.
— Медонӣ?
— Ҳа...
— Агар ин тавр, аз худат гила кун.
— Чӣ кор мекунӣ?
— Ана, ин тавр! – тозиёнаи ба ҳаво бардоштаи аробакаш ба банди дасти Назир бархўрд. Ғазаб кард:
— Вай-ку туро намехоҳад, ту чӣ худатро хари гаргин барин ба дарахт месойӣ? – ба аробакаш ҳуҷум кард ва як мушт фаровард.
Ёрмуҳаммад ба хашм омад ва бошаст Назирро дошта, рост бардошт ва гардонда ба рўйи роҳ зад. Хост адабашро диҳад, Садои бонги мошине ўро боздошт...

5

Ёрмуҳаммад бист рўз дар адабхонаи маркази ноҳия хоб карда омад. Аробаро як ҷавони нав аз хизмати ҳарбӣ омада мекашид.
«Ҳама чиз ва ҳама кас навбат доштааст» гуфт ў ва рост ба хонаи хурди гўшаи анбори кўҳнаи колхоз рафт. Нафасашро рост накарда, бригадир одам фиристод, ки аз он хона барояд. Ёрмуҳаммад дар остона рост истода, мўйсафеди асобадастро ба хона хонд.
— Не, баччем, биргад дар кўча, рафта гўям, ки гапи қарзро расондам.
Ёрмуҳаммад аз паси мўйсафед нигоҳ карда монд. Садои ба сангчаҳо бархўрдани асои пирамард дур шуд.
Ёрмуҳаммад фурсати зиёде ба дар такя зада истод ва кўрпаю болишташро ба гилем печонида, ба дўш бардошт. Ў байни кўчаро гузашта, сўйи боғи падарӣ рафт. Гилемпечро сари девор гузошт ва тори бора баромад.

пешина
аз 393
навбатӣ