Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Ду мард юнучқаро дарав мекард. «Ман намурдаам-ку» ба худ гуфт ў ва фаромада назди онҳо рафт.
— Монда нашавед!
— Саломат! Оқсаққол гуфтанд, ки дарав кунем. – Аз нигоҳи ў рамуз гирифта гуфт яке.
— Миннатдор, оқсаққол ба ин боғ хўҷаин не. Дар дафтари хоҷагӣ ба номи ман аст.
— Ука, дафтари хоҷагӣ дар дасти оқсаққол аст.
— Акоҳо, мондагиашро худам дарав мекунам.
Даравгарҳо дос ба китф гузошта рафтанд.
Ёрмуҳаммад кўрпаву болиштро ба бехи дарахти тут гузошт ва як дам болои он нишаст: «Дар он гўшааш хона меандозам.
Дар гўшаи чап оғилу коҳдон» фикр кард ў ва паси сарашро ба танаи дарахт такя дод. «Занро аз хона рондани мард маълум буд, акнун аз хона баромада рафтани мардон расм шудааст. Дунё кирои ҷанҷол намекунад. Биринҷи замонаи наркуши модапарвар оббардор нест».
Ў бархоста боғро давр зад ва ба гўшае, ки бояд хона андозад, истод. Пас аз сари девори ҳамсоя ҷеғ зада, дос гирифт ва ба дарави алаф машғул шуд.
Дар зери шафақи офтоби ғуруб охирин қабзаҳоро медаравид.
Аз кўча садои тормози мотосикл баромад. Оқсаққол аз сари девор намоён шуд. Ёрмуҳаммадро дид ва оҳиста худро пас кашид.
6
«Ҳум…ҳаҳ... Ҳум...ҳаҳ». Садои ба санг бархўрдани путки Ёрмуҳаммад аз шахҳо шунида мешуд. Баробари зарбаи гарони путк пораву резаҳои санг ба ҳар сў мепариданд. Арақи ҷабини ў беист ҷорӣ шуда, ба чашм ва нўги биниаш мефаромад.
Ёрмуҳаммад сангшиканро ба ғўт такя гузошта, қоматашро рост кард ва арақи пешониашро бо ангушти дасти чапаш виреҷида, «уф» гўён алам ва мондагиашро баровард ва аз доманаи кўҳ ба дашт нигарист: як мошин ва аз паси ў мотосикле чанг карда гузашт. Мард ба ғўт такя зад ва дандон баҳам сойид. Арақ дар чашмонаш гўё оташ шуда буд. Фурсате нагузашта бо силтави вазнаш аз ғўт дур шуд ва сангҳои шикастаро ба як ҷо тўб кард.
Обилаи дастонашро дид, каме ба худ омад, бо арақи рўяш дастонашро нам карда, ба ҳам сойид ва мисрону сангшиканро гирифта, ба адир рост шуд. Ғўту харсангҳоро канда, меғелонд. Ба рўйи дара ғелида фаромадани онҳоро тамошо мекард, дам мегирифт.
Сангҳои ба ҳамворӣ фаромада, дар тахмини ў як хонаро бино мекунанд. Вале то майда кардан ва то ба ҳавлӣ кашонда, девор рост кардан хеле вақт ва қувва лозим аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё