Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 393 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дар роҳ ўро савор мекунад, аз дил гузаронд Зиё ва гўё аз паси бригадир равон шуд.
Мошини почта дар роҳ Зиёро гирифт. Дар миёндаштӣ оқсаққол назди мотосикли бригадир рўй гардонда меистод.

9

Бародари раис ба 3иё гуфтааст, ки ман як моҳ кор дорам, мошин ба ихтиёри ту. Зиё мошинро овардааст. Назди боғи Ёрмуҳаммад мегузорад ва пагоҳ гирифта меравад.
Ў дар паҳлўяш оқсаққолро шинонда, сўйи деҳа мошин меронад. Роҳ кўтоҳ, шояд аз ҳардуи онҳо ҳарфе набаромада, ба деҳа расанд. Зиё мошинро оҳиста меронад. Ба пеш нигоҳ мекунад ва гўш ба ҳамсафар дорад, ки ягон чиз мегўяд, ё на. Занак гоҳ-гоҳ месурфад.
Мошин аввалин биноҳои деҳаро гузашт.
— Боғи акои Ёрмуҳаммад…
Оқсаққол чизе нагуфт. Ҳарфи ронандаро киноя донист. Мошин хеле роҳ рафт. Назди раҳнаи боғ омад.
— Шуморо то назди ҳавлиатон барам?
— Майлат...
Мошин аз назди дарахти чормағз гузашта рафт.
— Ў дар бораи ман чизе намегўяд?
— Не.
— Дурўғ мегўйӣ!
— Фақат як бор гуфт, ки бригадирро мекушам…

Оқсаққол аз мошин чӣ хел фаромада ба хонааш омад, худаш намедонад. Ғазабаш чунон зиёд буд, ки аз ўҳдааш мебаромад, деворҳои бинои навро ба замин яксон мекард. Ба сандуқе, ки тораш кўрпа рах зада буд, такя кард ва ангушти башорат ба даҳон бурд, то бихояд. Пойҳояш меларзиданд, каме рост истод, баъд нишаст.
«Наход, ки кушад?» худ ба худ савол кард ў ва зўре пайдо карда, парида хест. «Илоҷи ин кор дар дасти кист? Ба Назир гўям, ки ҳушёр шавад? Ё назди Ёрмуҳаммад равам?.. Не... Ин тавр намешавад. Ҳар кас гунаҳкор бошад, ҷазояшро бинад…»
— Духтарам! Ҷавлон!
— Ҳа, хола?
— Омадию гап намезанӣ?
— Монда шудам.
— Чой намехўрӣ?
— Не, холаҷон...
— Зани бригадир ба идораат нарафтааст?
— Не. Чӣ буд?

пешина
аз 393
навбатӣ