Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

— Имрўз ин ҷо омада, як иснод кард, – шарҳ дод ў ва аз гуфтааш пушаймон шуд, ки худро қафо кашид.
— Чӣ гуфт?
— Ба сари устоҳо дўғ зад, ки шумо аз куҷо ва аз пули кӣ ин иморатро месозед? Ин хонаи колхоз не, ки ба шумо рўзи меҳнат диҳад. Усто Кариму усто Собир ҷанг карданд, арросзанон рафт.
Гўё гўшҳои Ҷавлон қуфл заданд, танҳо як фарёди зани шинос дар гўшаш мондаасту бас. Дигар ҳама як ғавғои беҳуда аст, ки ҳарфе кас шунида наметавонад. Ба назараш як тўдаи зоғони сиёҳ, ки фасли тирамоҳ як деҳаро кўчонда мегузаранд, дар болои ҳавлии ў гирд гашта фарёд мезананд. Ў гўшҳояшро дошта аз ҷояш хест ва аз пиразан хоҳиш кард, ки дар кўзааш оби хунук бошад, биёрад.
Кампир кўзаро бардошта омад. Ҷавлон як коса об хўрд, баъд ба рўяш об зад.
— Духтарам, аз дасти ман ягон кор меояд? Ба ту чӣ ёрӣ диҳам?
— Ҳеҷ ёрӣ лозим не, – гуфт Ҷавлон ва гилеми рўйи симкатро густурда, болояш дароз кашид.
— Агар не, ман рафтам.
— Лозим шавед, ҷеғ мезанам...
Ҷавлон ба сар кўрпа печид, ки ғавғою фарёди шуми зоғон аз гўшаш дур шаванд. Касе кати ўро тела додагӣ барин ларзид, башаст кўрпаро аз сараш дур андохт, сиёҳие нест. Гўш андохт:
баргҳойи ток шибир-шибир карданд, ғуке аз марза ба пали алаф ҷаҳид.
Кўрпа гармӣ кард, ба паҳлўяш гардонд ва дароз кашид. Пеши назараш Ёрмуҳаммад омад, ки дастонашро чангак гардонда, гулўи Назирро дид карда мерафт. «Мекуша-а-ам!» мегуфт ў. Занак «Не!!!»
гўён фарёд зада, аз ҷогаҳаш хест ва ангуштони мисли чанголи уқоб кушодааш мушт гаштанд. Баргашта ба лаби кат нишаст. Гўё ҳамаи даҳшатҳо дар ҳавлии ў гирд омадаанд. Ў то рахнаи девори ҳамсоя рафт, ки пиразанро ҳамхоба биёрад, вале касе ўро қафо кашидагӣ барин пой боздошта, аз рахна баргашт.
«Чу!» аз кўча садое омад ва овози чархҳои ароба баромад.
Ҷавлон ба кўча нигарист, вале надид, ки дар ароба кӣ нишастааст. Аз рахнаи девори ҳамсоя ба сари девори кўча омад ва нигоҳ кард, ки ароба куҷо меравад.
Ароба пас аз ягон соат бо ҳамин роҳ сўйи дашт нишеб шуда рафт. Ҷавлон нафаҳмид, ки аробаи кӣ ва куҷо меравад. Аз дуродур бори дигар садойи «Чу!» омад.
Аз рахнаи девори ҳамсоя садои сурфае баромад. Ва пиразан намоён шуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё