Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

— Марҳамат, домулло, – садои кампир баромад.
Мулло ҳаросида, аз дар даромад. Аввал дар торикӣ чизеро надид, баъд сафедии коҳро дид ва дар рўйи он занеро, ки бо дастони баҳамбаста рўяшро пўшида меистод. Мулло аз дами дар канора истод, то дар равшанӣ занакро хубтар бинад.
— Хоҳарак, ба ту чӣ шуд? – як қадам пеш монда пурсид мулло, вале ҷавобе нашунид.
Вақте ки ин савол бори дигар такрор шуд, модаршў ҷавоб гардонд:
— Ҷин задагӣ.
— Аз куҷо медонед, ки ҷин задагӣ?
— Муллоҷон, агар зудтар бохабар шуда, сару нўгашро намегирифтам, писарамро дар назди мардум шармандаву беобрў мекард.
Муаттар ҳама чизро фаромўш карда, даст аз рўй гирифт ва ба кампир бо нафрат нигоҳ кард. Мулло аз нигоҳи ў пай бурд, ки мағзи занак халал надидааст. Пас ба кампир рў оварда гуфт:
— Ман моргазида ва ғундаву каждумгазидаро мехонам, илмам ба девонаҳоро дуруст кардан намерасад.. Ин беморро ба духтур бурдан даркор.
Мулло сурфид ва рўй гардонда аз дари коҳдон берун баромад.
Муаттар парида аз рўйи коҳ хест, ба косаи об пешипо хўрда, сўйи дар ҷаҳид ва фарёд зад:
— Домулло! Гўед, маро ҷин задааст?
— Аз ин кас пурсед! – кампирро ишора карда гуфт мулло.
Кампир башаст дарро пўшид, вале Муаттар китфашро монда, тела дод ва берун баромад:
— Вай қувваи писарат буд, ки маро ба коҳдон даровард, ҷалоҷин!
— Вай дур нарафтааст, меояд. Ин гапатро фаромўш накун.
— Дастамро кушо, набошад, ҳамин ист идора меравам.
— Дар идора кӣ ба гапи ту гўш мекунад? Дастатро мекушоям, лекин дигар дар ин ҳавлӣ қадам намегузорӣ!...
Ҷанҷоли онҳо басанда нашуда, аз кўчабоғӣ садои мотосикл баромад...
12
Дар сари Ҷавлон ҳамон рўймоли фаранги сабз, ки дар сари
бутта монда, пушт-пушти буттаҳо гурехта, ба идора рафта шаб
он ҷо хобида буд. Ин бегоҳ на бо роҳ, балки лаб-лаби рўд омад
ва ангорро гузашта, дар даромадгоҳи деҳа каме дам гирифт. Табиат ба чашми офтоб сурма кашид.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё