Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 393 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ҷавлон ба сари девори боғи Ёрмуҳаммад наздик шуд. Аспи Моҳрў ўро дида, сайҳа кашид ва боз ба алаф фўк зад. Ҷавлон гардан ёзонда ба сўйи лойхона, ки садои каланд меомад, нигоҳ кард. Ў хеле нигоҳ карда истод.
Ёрмуҳаммад танҳо буд, аскарбачча ҳам нест. Баногоҳ дар зери нури моҳи нав аз дами қир баромада, дар сари девори рў ба рў суратеро дид. Ҷавлон худро паси девор кашид.
— Ҳамсоя! – оҳиста Ёрмуҳаммадро ҷеғ зад овози зане. Ҷавлон хеле нигоҳ кард ва шинохт, ки соҳиба занест, ки чанде пеш шавҳараш вафот карда буд. Занак косаеро ба сўйи мард дароз кард.
— Чӣ лозим?
— Дами гарм, ҳамсоя. Мард бе дами гарм наметавонад.
— Раҳмат, ҳамсоя!
Ҷавлон паси девор хам хўрд ва гўшаи кашоли рўймолро ба рўйи шикамаш паҳн карда сўйи хонааш рафт.
Чандин рўз аст, ки деворҳои нобуди хонаи нав як зайл истодаанд, тахтаву шиферҳоро ҳам касе наҷунбонидааст. Алафи ҳавлӣ тухм бастааст, дастиёре нест, ки онро даравад.
Ҷавлон вазнин лаби кат нишаст ва нафасашро рост накарда, сурфаи пиразан баромад:
— Духтарам, омадӣ?
— Ҳа...
Пиразан дар коса ҷурғот ва зери каш фатирча дошт.
— Дер омадӣ, духтарам?
— Кори ҷанҷолӣ. Нав ҳушам омада истодааст... Лаби кат шинед... Касе, ки арзу ариза карда, ҷудо мешавам, гуфта ояд, шинонда, мегўям, ки дар пункти фалон қоидаи ЗАГС гуфта шудааст, ки оиларо вайрон кардан мумкин не. Ин таҷриба, хола. Бовар кунед, аллакай чанд оиларо муросо кунондам. Агар умрам боқӣ бошад ва аз дастам ояд, пеши роҳи ҳамаи бадӣ ва вайронкориҳоро мебандам. Бигузор, дар тамоми мамлакат паҳн нашавад ҳам, дар ҳамин колхоз, дар ҳамин деҳа ин чиз қонун шавад. Моргазида аз ресмони ало метарсад... Хола, бовар кунед, ман аз одаму олам дур шудаам.
— Ҳа, духтарам, саҳар қатӣ мехезӣ, меравӣ, ними шаб меойӣ...
Лекин ман аз ҳама чиз бохабар; кӣ кай ба кор меравад, кай меояд; ҳамаашро медонам. Айвон баланд, тамошо карда мешинам. Ин пагоҳ биргад девона барин буд.
— Чӣ хел?
— Ду шаб боз писараш бедарак будааст.
— Чӣ?!
— Кабираш гўё бо момояш ҷанг карда баромадааст, дигар барнагаштааст..

пешина
аз 393
навбатӣ