Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

— Оча! Оча! Хобӣ?
— Не!
— Муаллим ариза навишт, ба редаксияи газета...
— Хайр, нағз. Акнун маро барор.
— Чӣ хел?
— Дар нўги шамалаки момот калид ҳаст. Коре карда гиру қуфлро кушо...
— Оча, садои мотосикл... Коҳ баланд аст? Яктарафа истед, ман худамро мепартоям.
— Кабирҷон, боз маъиб нашавӣ?
— Не, яктарафа истед. Ҳўўўўп...
«Чу!»
Аз қадамҳои Моҳрў пайдост, ки имшаб хеле дам гирифтааст. Ин пагоҳ бори аввал қуттиҳои тамокуро мекашонад. Моҳрў пойҳояшро ба замин зўр зада, тира намекунад. Сабук ва чолок қадам мегузорад. Дар зери наълҳои наваш сангҳо садо медиҳанд.
Чархи ароба гирд мегардад, аз тири чарх садои нола бармеояд.
Аробаи қўқандӣ лангар мехўрад. Гўшҳои Моҳрў сиханд. Аробакаш тозиёнаро болои сар давр занонда, ба сағрии асп зад ва мисли асптозҳо «Чу»! гуфт, Моҳрў тез шуд. Ароба селравро гузашта, ба роҳи рост баромад.
Дар доманаи деҳа касе ба сўйи дашт медавид. Аробакаш лаҷоми Моҳрўро кашид, боз «Чу» гуфт. Он кас наздик шуд: зане мўйҳояш парешон ва дар даст рўймоли сабз метохт. Ў наз дик омад ва ба аробакаш нигоҳ накарда гузашт. Ёрмуҳаммад аз паси ў нигарист.
Дилаш таҳ нишаст ва якбора нафраташ боло шуд. Аспро тозиёна зад. Моҳрў тез гашт. Ў лаҷомро кашид ва ба ақиб нигарист. Зан ба миёндаштӣ расид. Бероҳа шуда, сўйи рўд метохт.
Аробакаш боз аспро тозиёна зад ва зери дарахти чормағз расид. Моҳрў таққӣ истод. Аробакаш боз ба ақиб нигарист, зан хеле дур рафт. Ў худро аз ароба ба замин партофт. Зертанги аробаро кушода, шотуро ба замин гузошт ва аспро савор шуда, сари онро сўйи рўд гардонд. Моҳрў мисли шаҳбоз парвоз кард. Занак дар дуродур медавид, мўйи парешони ўро бод мисли дуди оташ ба қафо мебурд. Моҳрў дар миёндаштӣ хўсида ба канор ҷаҳид. Ёрмуҳаммад рўймоли фарангро дида, боз аспро тозиёна ва маҳмез зад. Моҳрў ҷўю воту марзаҳоро ҷаҳида, чорхез мегирифт. Рўд наздик. Занак қариб расид. Моҳрў аз мақсад хабар ёфта, то ҷон дошт, медавид.
Вай қариб ба занак расид. Ба ў баробар шуд. Занак намеистад.
Сари асп аз ў пеш гузашт...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё