Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Бод ҷинӣ гашта ба кўҳ бармехўрд ва фиғонаш мебаромад. Зери харсангу камарҳо худро пинҳон карданӣ шуда ҳуштак мекашид ва мисли гурги гурусна зуза. Бузу гўсфандҳо аз даҳшат «баъ-бўъ»
гўён ба ҳам ҷафс мешуданд, пеш рафта наметавонистанд. Бод ҳама чизро меғелонд. Саг дар адир ду-се ғел гашту сўйи бод даҳон кушода аккос зад.
Нор дар воҳима афтод. Гардани апаашро гирифта гирист.
Мол як қадам ҳам пеш намерафт. Гўсфандҳо сарҳояшонро зери думбаи якдигар медоштанд. Бузҳо гўш чур карда фиғон мебардоштанд.
Тундбод барфҳои адирро рўфта ба ҳамвориву хамиҳо пахш мекард. Дар фазо тумани барф хеста буд ва Нор гўсфандҳои пешро намедид. Аз сари кўҳ уллоси гурги гурусна баромад...
— Апа? – дандонҳои ў ба ҳам мехўрданд, гап зада наметавонист.
— Апа?
— Ҷ... Ҷон!
— Биё мо-молашро моонда меравем.
— Ба куҷо?
— Роҳ ба куҷое, ки барад. Ман туро гуфта ин ҷо гаштаам, ки худатро танҳо хис накунӣ. Меравем. Апаҷон, меераавем...
— Биё, рафтем... Дилкашолиам нест... Духтарчаам буд, ки аз олам рафт. Мо ҳам меравем...
Уллоси гургҳо наздик мешуд.
Нор дасти апаашро гирифта аз роҳи ноҳамвор баргашт.
Шабгир. Тамоми сагҳои деҳа гирогир карда сўйи тангӣ метохтанд. Бой, ки акнун ба сафар баромада буд ва хеле парешон менамуд, харашро боздошт ва сари онро сўйи тангӣ гардонд. Вай уллоси гургҳо, аккоси сагонро шунид, чашмонаш торафт бурун ҷастанд, гўшҳояш қуфл заданд. Ба тангӣ наздик шуд, ҳар ҷо-ҳар ҷо пўст ва пашми молҳоро медид, бовариаш наомада пеш мерафт:
«Ноор!» фарёд зад ў. Баъд чашмаш ба хунҳои барфро сўроху ранга карда афтид. Аз ҳаяҷон ва хунукӣ беихтиёр «ана хурсандию мана хурсандӣ» гуфта монд. Ба чашмони худ бовар намекард. Ин бор бо хашм фарёд зад: «Нооор!».
Кўҳҳойи барфпўш базўр садои ўро такрор карданд. Чанд қадами дигар ғўтида-ғўтида пеш рафта бузу гўсфандҳои ҳароммурдаро дид. «Гург ба куштан сер». Вай молҳояшро шинохт. Ашк аз чашмонаш зиҳ зада, яхча шуда, фурў меғалтид. Ў сари мурдаи гўсфанди посафед нишаста гургвор уллос кашид. Пас бо рўймолчаи лўнда кардааш ашкашро пок карда, ба чидани пашмҳои ғоз-ғози рўйи барф даромад. Лахтаҳои пўст ва пашмҳои тор-торро бо як ҳирси тамом ғун карда ба хўрҷин меандохт. «Молҳоям, молҳойи азизам, шумо маро гўр мекардед» мегуфт, вале боре ҳам нагуфт, ки занашу Нор куҷо шудад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё