Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 393 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Агар ба ҷойи бой каси дигар мебуд, намедонам чӣ кор мекард, эҳтимол аз ин талафоти бузург ё девона мешуд ва ё заҳракаф.
Ба вай чизе нашуд, на девона шуд ва на асабҳояш беҷо шуданд.
Фақат хира медидагӣ шуд ва чашмонаш обравон.
Ў рўйи барф дилғеҷ рафта чангол-чангол пашм мегирад ва гоҳгоҳ мадораш рафта манаҳаш ба барф меғўтад. Вақте ки манаҳаш ба барф фурў рафту ришаш каме пеш баромад, пеши чашмонаш қабзайи мўй омад ва ў онро чанг зада гирифтанӣ шуд, ки бехи ришаш дард ёфт...
Ҳамин дам аз шахи сиёҳ овози ларзони бузе омад. Бой аз ҷой парида хестанӣ шуд; калўши таксуфтааш ба ақиб лағжида имконият намедод, ки бой хезад. Шикамашро ба барф андохта бо чашмони хирааш сўйи овоз зеҳн монд. Пеши чашмонаш рамаи гўсфанд гузашт. Бой шодӣ кард, вале оби чашмашро пок карда бори дигар нигарист, ки чизе нест. Боз овози буз баромад. Бой шинохт, ки ин овози серкаи ўст ва хира-хира онро дар шах дида аз дил гузаронд. «Ягона ҳайвоне, ки ба қадри ман расидааст».

9

Алибек андаке нотоб шуд. Чанд рўз хоб кард, вале ба занаш фармуд, ки ба касе нарасонад. Бо баҳонайи арақ кардан кўрпаро ба сар кашида то буғзаш кушода шудан гирист ва ҳамин ки нафасаш гашт, кўрпаро аз сар бадар карда чилдардҳо барин чашмонашро ба шифт дўхта ором меистод.
Пеши назараш, байни кодокҳои хона рамаи гўсфанд мегузашт, ҳар гўсфандро аз назар гузаронида, аз они худро ҷудо мекард. Ў то ин дам барои гўсфандҳои мурдааш хуб гирист, дигар ҳақаш намонд. Акнун фикр мекард, ки гўсфандҳои дар дигар ҷойхо доштааш чӣ мешаванд. Магар онҳоро ҳам гург хўрда ва ё чўпонҳо «давлат гирифт» гуфта илоҷашро меёбанд?
Ў дигар тоқат накард, пой зада кўрпаро аз рўяш дур андохт ва ҷаста хест, ки либосҳояшро пўшида назди гўсфандҳояш равад.
— Ҷонгирҷон, мол садқаи сар...
— Шота об барад, худат садқаи сар!
Ойимхон боҳайрат ба рўйи шавҳараш нигоҳ карду чизе нагуфт. Бой меларзид ва фаши саллааш алвонҷ мехўрд. Ў ниҳоят хунук хўрдагӣ барин. Манаҳаш бозӣ мекард. Дандонҳояш ба ҳам мехўрданд. Ў ба зориву таваллои занаш нигоҳ накарда ба хар савор шуд. Аз кўча мегузашт.
Ҷўра-чўлоқ вазнашро ба асояш партофта бо сари хам ба фикр рафта буд, вале ҳамин ки бойро дид, худро далер гирифта хандид.

пешина
аз 393
навбатӣ