Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 393 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Бой аз сармо парвое накарда деҳаро паси сар гузошта, ба роҳи танге, ки барф гўраш кардааст, мерафт...
Ў як ҳафтаи тамом бедарак шуд. Ойимхон ҳар рўз ба офтобрўяи айвон нишаста чашм аз дарвоза намеканд.
Бой тамоми молҳояшро арзону гарон фурўхта ба хонааш баргашт ва филфавр пулҳоро ба сандуқ андохта ба занаш рўй овард:
— Ҷонгирҷон, ҳардуямонро гўр мекунад.
— Кошкӣ баробар гўр мекард. Ҳа Ҷонгирҷон, аз гўр гап задему ба хотирам омад. Бошукура маззеш не, мегўянд.
— А? Кӣ?
— Бошукур.
— Шоша об барад, аз мо камакак қарз дошт-ку. Ман рафта бинам.
Ў гушнагӣ ва кўфти роҳро фаромўш карда, дамашро рост накарда баромад, ки ба хонаи бемор равад, вале ҳоло намедонист, ки аз бемор чӣ даъво мекунад. Мол гўяд, мол беқадр шудааст ва зиёда мумкин не, дигар чӣ? «Не... мол не, пул. Кай? Барои чӣ?
Ҳа... Дар тўйи писараш. Мол ҳам диҳад, майлаш. Аз хирс мўе...
Мол диҳад, худам пул мекунам».
Қадамҳои ў васеъ шуданд...


Гирди беморро баччу кач ғун гирифта мегиристанд. Хона ниҳоят мудҳишу ваҳмовар буд, кўдакони хурд гўё аз «мурда» тарсида мегурехтанд. Назди бемор мулло ва устои наългар менишастанд.
Дар дасти усто анбўри гулмехканӣ, ҳар лаҳза даҳони беморро кушода дандонҳои тиллояшро хабар мегирифт ва ба мулло рў оварда сар меҷунбонд. Бо фатвои мулло бояд дандонҳоро кананд, вагарна барои ў дар «ҷаннат» ҷое нест.
Усто ба дандонҳои бемор анбўр меандозад, зўраш намерасад, ки канад. Дандонҳо қалъагӣ барин сахтанду мазбут.
Усто анбўр меандозад, бемор баробари дастони усто қариб аз ҷояш мехезад, боз грсӣ ба пушт меафтад, аз чашмонаш ашк мерезад, гап зада наметавонад, фақат сар меҷунбонад, ки касе манойи онро намефаҳмад. Хонаводаи ў баробар дод мезананд.
Бемор ҷигот меандозад. Мулло тасбеҳ мегардонад.
Ба кандани дандон зўри усто нарасид. Акнун бо сўҳон тиллоро буридан лозим. Усто сўҳонро ба кор андохт; бемор «азоби дўзах ҳам ин қадар набудагист» мегуфт, вале касе инро намефаҳмид.
Сўҳон ҳам нашуд...
— Ассалому алайкум... Бай-бай-бай... Ман хабар надоштам, ки ҷону ҷигари ман ин хел сахт нотоб.....
Дигар нафаси бой набаромад. Вай дид, ки усто тиллоҳои даҳони беморро мегирад, даҳони ў ҳам кушода шуд. Ў интизор буд, ки порае ба замин афтад ва бой гирад, зеро ў шунида буд, ки бойигарии асосии инсон тиллост, вале ҳеҷ ба даст намеомад.

пешина
аз 393
навбатӣ