Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

— Бовар кунед, устод, ҳама барои ман дўст, ба ягон кас рашку ҳасад надорам...
— Пас чаро ситеза кунӣ?
— Пастиҳои баъзе касон маро кушад...
Устод зуд-зуд дуди сигаретро фурў кашид ва гўё ки дигар дуд намонда бошад, вомонда аз ҷўй он тараф андохт ва ангуштон ба ҳам соида, «Хайр, худат донӣ» гуфт ва бирафт. Ромиз ҳайрон монд, ки устод ба хонаи ў надаромад, ҳамроҳаш дар ягон ҷо нанишаст, бо ў чун роҳгузар муомила карду бирафт. Ин Ромизро дашном буд, то хубтар биандешад; андешааш чунон, ки пас аз як моҳ аз ҳоли устод хабар гирифт: даъватномаи моноспектакли «Дар танҳоӣ»
дошт, устод ба ин намоиш хонд...
Парда кушода мешавад. Манзараи Ҳуснобод. Боғи хуррам, сабзазор ва обшор. Овози шоир ояд. Худ пайдо гардад. Куртаи суфи сафед дорад ва аз болои он дебочаи сабз, дастори хурди сафед ва саропо тозаву озода. Байни боғ сафедори буридаест пўстканда, бар он нишинад. Китоби зери кашро гирифта варақ занад, хонад.
Сонӣ ба марғзор нигариста ба ваҷд ояд, варақи тоза аз байни китоб гирад, қалам ҷўяд, наёбад ва аз ёд гўяд:
Ҳон ташнаҷигар, маҷўй з-ин боғ самар,
Бедистонест ин риёзи бадудар.
Беҳуда мамон, ки боғбонат ба қафост,
Чун хок нишаста гиру чун бод гузар.
Боде сабук вазида дарахтонро хаму рост кунад. Рўдакӣ бархезад. Бод фаши дастор ва бари домони ўро пас бубарад. Аз ҳавои тоза фараҳ биёбад ва ба сўе нигарад. Дар баландии кўҳ тарҳи деҳа тобад:
Бар ишқи туам на сабр пайдост, на дил
Бе рўи туам на ақл барҷост, на дил,
Ин ғам, ки марост, кўҳи Қоф аст, на ғам,
Ин дил, ки турост, санги хорост, на дил.
Дар ин боғ баҳору ҷавонию ишқ буд. Шоир шод буд, чунон тобад, ки аз боғ бурун рафтанист, озими сафар аст. Хам шуда аз болои сафедори хобида китобро гирифт, пушт ба боғ ба толор рў овард:

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо