Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 428 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ҷое, ки гузаргоҳи дили маҳзун аст,
Он ҷо ду ҳазор найза боло хун аст.
Лайлисифатон зи ҳоли мо бехабаранд,
Маҷнун донад, ки ҳоли Маҷнун чун аст?

Пас чунон ки дар толор касеро дида бошад, дер ба қатори пеш нигоҳ карда ва даст ба ишора он сў ёзонад:

Бе рўи ту хуршеди ҷаҳонсўз мабод,
Ҳам бе ту чароғи оламафрўз мабод.
Бо васли ту кас чу ман бадомўз мабод,
Рўзе, ки туро набинам, он рўз мабод!

Шоир ба боғи зебо баргардад. Дар ҳар гўша, зери ҳар дарахте шеър гўяд. Озод, масрур ва беғаш аст. Чунин вонамояд, ки дунё аз они ўст: ҳокими мутлақ аст; касе ўро аз ин даргоҳ наронад, ин сайргоҳро барои ў омода сохтаанд. Бибояд аз баландӣ оламу оламиёнро шеър гўяд. Дар ин ҷо касе ба ў халал нарасонад, касе ўро аз ин манзил наронад; ин ҷо касе нест, ки ба ў рашк барад, боиси бухлу хусумат, макру фиреб, дасиса ва бурду биёри касон, хархаша, ҷангу ҷидоли дигарон ва боз бисёр носозиҳои рўзгор гардад. Театри яккаса. Аз ин рў дар саҳна на ҷанги тан ба тан аст, на муборизаи баду нек ва на фитнагарӣ ҳасту рафиқфурўшӣ ва на бадхоҳиву маккорӣ ва на ягон қаҳрамонии бемислу монанде.
Барояд, ки тамошобин низ хушзавқ аст ва баробари шеър гуфтани шоир онро чун ҳаво фурў бурда, таҳлилу ҳазм кунад; мутобиқи оҳанги шеър, монанди сафедорони Ҳуснобод сар ҷунбонад... Мурод аз ин моноспектакли актёр чӣ бошад? Мардумро ба чӣ талқин кардан хоҳад? Ҳо, танҳо ба некӣ... Танҳо ва танҳо... Шояд аз ин рў Ромиз ҷустаю кофта чунин чизро интихоб карда бошад...
Ў хониши худро на ҳамчун бозии актёр, балки ҳамчун шеърхонӣ ба тамошобин, беҳтараш, ба шунаванда пешкаш карда буд.
Барои ҳамин чандон қонеъ набуд. Дар дил чӣ андеша дошт, худ донад. Шояд азми сафар дошт, шояд саросар гаштани оламро мехост; ба ҳар тариқате дар боғ ва дар худ намегунҷид.

Ҳар бод, ки аз сўи Бухоро ба ман ояд,
Бо бўи гулу мушку насими суман ояд...

Саҳнаи дигар.
Бухоро. Даргоҳи шоҳ. Манзараи манораву мадрасаҳо тобанд.
Рўдакии кўҳистонӣ либоси шаҳрӣ ва дарборӣ дорад. Вале на он шодие, ки дар Ҳуснобод дошт. Саҳна тиратар шавад. Шоир фарёд задан хоҳад, вале нафас дар гулў печида ва барои он ки гирифту гираҳи гулў кушода шавад, якбора ба толор рў меорад:

пешина
аз 428
навбатӣ