Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Чуноне ки яке аз каҳрамонони асари драматург мегўяд:
айб дар ош аст ё дар мош? Намефаҳмам, ки айб дар театр аст, дар директори театр аст ё дар Вазорат...
— Набошад, аввал ҳамин чизро муайян кунед, сонӣ гап мезанед... – қатъӣ гуфт директори театр Владимир Ахмедович.
– Хоҳиш, ки дар бораи моноспектакл гап занед. – Марҳамат, Лолахон, – гуфт директор ва ба шоири бузург рў овард: – Устод, Лолахон – санъатшинос, Институти санъатро дар Москва хатм кардаанд. Марҳамат!
— Намедонам фикри дигарон чӣ хел аст, ба назари ман чунин иқдоми актёр Ромизро табрик кардан лозим аст... Агар диққат карда бошед, Ромиз актёри оддӣ нест – дар шеърфаҳмию шеърхонӣ шоир аст, мутафаккир аст. Барои ҳамин ба кори хуби ў сарсарӣ нигоҳ кардан ё ким-чӣ хел дардҳою касалиҳои дигарро оварда ба ў часпондан хуб нест. Ин ҷо устоди мўҳтарам (ишора ба шоир) нишастаанд, фикрашонро шояд гўянд, ман ҳамин қадар арз мекунам:
«саҳнаҳои театри мо то имрўз чунин актёрро надида буд...»
— Дар ин ҷо рафиқон ҳар хел суханҳо гуфтанд, шояд онҳо ба таври худ ҳақ бошанд, онҳо бояд аз дигарон театру саҳнаро хуб фаҳманд, ман ҳамин қадар ба суханони Лолахон илова мекунам, ки дар саҳнае, ки актёр Ромиз ба мо намоиш дод, фақат Балъамии вазир намерасид...
Дигар ҳамаи онҳое ки дар он ҷо нишаста буданд, каф кўфтанд.
Ромиз зоҳиран ором буд, вале дилаш ба танг омада буд, устоди ў, ки паҳлўи шоири бузург менишаст, панҷа мушт мекарду мекушод, меларзид. Ў бархестанӣ буд, ки шоир боздошта шинондаш ва солорона, вазнин сўи Рўдакӣ қадам андохт. Ромиз қасди ўро пай бурда ба пешвозаш омад. Шоир даст ёзонда аз ду бари рўи ў дошт ва аз пешониаш бўсид. Ромиз низ устодро сахт оғўш карда бўсид ва тоқат накарда, тозон дарун рафт...
2
Ромиз дилпур назди Ҷаҳоноро рафта, ташаккур хонданӣ буд, ки бозгашту барори театриаш ба туфайли ў шудааст. Зеро агар ў набуд, эҳтимол Ромиз аз баҳри чунин касб баромада монанди шоир Фалакӣ майзада мешуд. Ба ҳар ҳол, ҳар чӣ буду набуд, ба ин чиз он зан саҳм гузошт ё на, Ромиз ҳамин зайл фикр дошт.
Ба наздаш омадану гарданшахона ва ситезакорона гап заданҳои устодаш, гуфтаҳои Хола-мулло ва гапу калочаи мардум туфайлӣ менамуданд, аммо гапи Ҷаҳоноро қонунӣ. Шояд ҳамин тавр ҳам бошад, лекин Ромиз аз ирода ва дархостҳои худ хабар надорад, ҷидду ҷаҳд ва худҷўиҳои худро фаромўш кардаст. Ҳар лаҳза пеши назараш ояд, ки «муаллима»-и нуронии Ғиёс бо чӣ аломате ба Ҷаҳоноро монанд аст ва ё баръакс: Ҷаҳоноро дар қиёфаи худ чизе аз он муаллима дорад, вале он коре, ки муаллимаи нуронӣ рўзи дафни Ғиёс кард, Ҷаҳоноро...

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо