Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 428 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Фарқ надорад... Ман ҳайрон, ки Вазорати маданият куҷо нигоҳ мекунад...
— Бубахшед, драматурги мўҳтарам,.. ҳа, гап занед, гап занед,
– муовини вазир ба ош чакка шудан хост, вале чӣ шуд, ки худдорӣ кард.
Справка: «Актёр Ромиз Рабиев, бо ягон ташкилот договор надорад, касе ин корро ба ў нафармудааст... аз пеши худ, аз пеши худ ин намоишро сохтааст... қабули он бояд ба вазорат ва ё ягон театр вобаста бошад. Актёр Ромиз зиндагӣ кардан хоҳад... ва ба
1 ин ҳуқуқ ҳам дорад... Вай нахоҳад, ки мисли нависанда Скардис ба саратони меъда гирифтор шуда мурад...»
— Мо медонем, ки дар управленияи санъати Вазорат рахт-рахт папкаҳо хобидаанд, як кас онро варақ намезанад.
— Шумо чӣ асари нағз навиштед, ки рўи об набаромад? – ин саволи Холиқ Бердиевич буд.
— Хоҳиш мекунам, сухани маро набурред, як кас гап ҳамроҳ кунад, гапамро гум мекунам... Гап дар бораи песаи ман намеравад... умуман... ман чиз нависам, ҷояшро меёбам...
— Пас, чаро Ромиз ҷояшро наёбад, – боз саволи Холиқ буд.
— Маълум мешавад, ки ин кори шумо? – айнакашро гирифта пурсид драматург.
— Не, кори ман не, ман ҳам мисли шумо, даъватӣ... лекин ман орзу мекунам, ки навиштаҳои шуморо ҳам ягон актёр ҳамин хел тайёр карда ба саҳна гузорад...
— Ба фикри шумо... ба ақидаи шумо... ба гумони шумо... лекин гап ин хел нашудааст...
Драматург айнакро ба пешкисаи курта андохтанӣ шуда, афтонд.
Директор: Хоҳиш мекунем, то дар бораи спектакли иншаба гап занед... Марҳамат, кӣ? Боз кӣ гап задан мехоҳад?
— Хайр, ман чорта гўям, – вазнашро бардошта гуфт актёри гаронвазн, ки ба ақидаи худаш беҳтарин нақшҳоро ў дар театр бозӣ кардааст, – гап ҳамин ки драматурги мўҳтарам дуруст гуфт.
Шахсан ман чандин нақши песаҳои ин касро бозидаам, аммо надидаам, ё нашунидаам, ки ягон кас маро «ҳайфи ту, чаро ин нақшро бозӣ кардӣ?!», гуфта бошад. Инро худи Ромиз ҳам хуб медонад...
«Бале, хеле хуб медонем...»
— Лекин хамин Ромиз, ки имрўз чунин дабдаба кардан мехоҳад, аз песаҳои драматурги мўҳтарам ягон нақш набозидааст, ёдам ҳаст, ки ҳатто рўирост, намоишкорона «ман ин хел драматургро намешиносам ва дар песаҳои ў иштирок кардан ҳам намехоҳам»

  1. Скардис – қаҳрамони романи Авижюс гуфта буд.
пешина
аз 428
навбатӣ