Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Касе дар кўфта Ромизро бедор кард. Ў чашм кушода дид, ки субҳ равшанӣ дорад. Ромиз аз чунин новақт садо додани дар парешон шуд. Чашмонашро молида-молида дарро кушод ва Холамуллоро дида саволомез ба рўи ў нигарист:
— Назди келин намеравӣ?
— Меравам. Чӣ гап, Хола-мулло? – аз «ту» гуфтани ў ҳайрон шуда пурсид.
— Атола пухтам...
— Саломат бошед, Хола-мулло... Барвақт нест?..
— Барвақт? Шумо мардҳо дард накашед, аз куҷо донед, ки...
Ҳа... Баъд ту артист мешам, гуфта ба Саида бепарво нашав... Ин хел занро дар ҳафт қабати замину осмон наёбӣ...
— Чӣ гап шуд?..
— Ҳеҷ гап не. Тез бош, атола хунук нашавад. Яктоз бар.
— Хуб, – гуфта Ромиз дасту рўй пишакшў карда баромад.
Офтобзард ба дари зодхона ҳозир шуд; дар қуфл буд. Аз пасу паҳлўи бино давр гашт, вале Саидаро ёфта натавонист... Атола хунук шуд ва сари Ромиз ба дард омад.
Соати ҳашт дарро кушоданд. Ромиз овардаашро ба духтараки вазнинҷусса, ки шабу саҳар худаш ҳам бояд ба фарёдхона мерафт, дароз кард. Ў ду сатили сирдори кабудро рўи миз тараққос зада монд ва бар курсӣ нишаста «сабр кунед» гуфт. Сонӣ ба ҳар саволе, ки аз ў мепурсиданд, дағалӣ мекард ва ё зуъм карда ҷавоб намедод.
— Духтари нағз, то ин қадар дағалӣ кардана чандин бор рафта меомадед, – оҳиста гуфт Ромиз.
— Ман ба шумо паровоз не, ки пешу қафо рафта омадан гирам.
Ана дар он ҷо рўихат: аҳвол, температура ва ҳамааш навиштагӣ...
Ромиз ба ў гап зада пушаймон шуд ва андаке сар хам карда ба андеша рафт: «Ин мардум одобу назокат ва муомиларо кай ёд мегиранд? Кор вазнинӣ карда бошад ва ё ба дилат зада бошад, баромада рав, лекин дили одамонро наёзор...»
— Писарам, хафа нашавед, вай фикри зоиданро дорад, сараш гиҷ, – солхўрдазане авзои Ромизро пай бурда, оҳиста ба паси гўши ў гуфт ва назди дарича рафта ба духтарак муроҷиат кард:
— Духтарам, палатаи 56, Соҳибова Саврӣ.
— Сабр кунед.
— Духтарам, кор кардан нахоҳед, хона шинед, саҳар катӣ феълу нияти мардумро нагардонед.
— Шумо одат кардагӣ, хона шинед. Мо одамони советӣ кор мекунем.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо