Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 428 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Қоидаю қонундониатон-ба қоил, лекин дар лавҳача қабул аз соати ҳашт навиштаанд, нўҳ шуда истодааст. Натавонед, боло бароед, – ба ишораи ангушт фарёдхонаи болои сарро нишон дод занак...
Духтарак гиря карда, рафт ва занаки солхўрда омада: «Ку биёрен!» гўён ба рўи коғазу халтачаҳо рақами палата ва ному номи падари модарони навзоро навишта, ду сатилро пур-пури овардаҳо карда, бардошта бурд. «Мешудааст-ку» гуфт занак аз паси ў.
Ромиз аз он занак рақами палатаи Саида хобидаро ва чӣ тарз аз пас рафта ҷеғ заданро пурсида, паси бино гузашт ва мувофиқи фармудаи занак аз зери дарахти маҷнунбед фарёд кард: «Очи баччаҳо, ҳў-ў очи баччаҳо!».
Дар он ҷо, ки ҳама очаи баччаҳо буданд, аз тирезаҳо сар бароварда ба Ромиз нигоҳ карданд ва ба оҳанги шўхиомези садои ў хандиданд. «Палатаи 65?» аз ҷавонзане, ки ду бари рўяш пур-пури зулф буд, пурсид Ромиз. «65-ум! – чавоб дод он зан. – Кӣ лозим?».
«Очи баччаҳо!» аз шўхиаш намонда гуфт Ромиз.
Ҷавонзан хандид ва чӣ нуқсе дар лабу даҳон дошт, ки бо каф пеши даҳонашро пўшид. «Кӣ охир?» даст аз пеши даҳон набардошта боз пурсид занак. «Наход, ки шумо очи баччаҳоро нашиносед?»
Ҷавонзан аз ханда худдорӣ карда натавониста аз тиреза дур шуд.
Ба ҷои ў мазмун, садои Ромизро шинохт, ки Саида рўиҷои сафедро ба китфу сари сина печонида, табассумкунон ҳозир шуд.
— Чӣ хел? – баъди салому алейк пурсид Ромиз. – Ва боз шўхиашро давом дод: – Очи баччаҳо будани шуморо намедонанд?..
Муборак!
Саида табассум карда ва каме худро пас кашида, сар ҷунбонд.
— Саломатӣ?
— Нағз, – кўтоҳ ҷавоб дод Саида, вале ба назари Ромиз намуд, ки рангаш парида, лабонаш карахш баста, худаш андаке ранҷа тобад. «Албатта барои хабар нагирифтанам» аз дил гузаронд Ромиз, вале ба Саида гуфта натавонист, ки шаб боз овора аст.
«Чӣ биёрам?» пурсид Ромиз. «Ҳеҷ чиз» ҷавоб гирифт.
— ...Худатонро печонед, тирезаро пўшед, – чӣ гуфтанро надониста чунин муроҷиат кард Ромиз ва кокули ҳамоили маҷнунбедро дастмол карда, чашм ба тиреза аз зери маҷнунбед дур шуд.
Ромиз ба Саида хуб қабул шудани «Моноспектакл»-ро ва имшаб нахустнамоиш доштанашро гуфтанӣ буд, аммо аз ваҷоҳати рўи завҷа чӣ рамуз гирифт, ки гап назад. «Бояд мегуфтам. То ў медонист, ки ман ҳам аз ташвиш озод нестам... Мефаҳмид, ки барои чӣ ўро хабар гирифта натавонистам... Наход, барои ҳамин аз ман хафа шуда бошад?.. Вай ин чизҳоро мефаҳмад. Шояд «чаро шавҳаратон хабар намегиранд?» гуфта ўро безор карда бошанд...
Ҳо-о ин занҳо ганда, ҳама балоро онҳо хезонанд, ба оилаҳо шўр андозанд, қариб дар бораи ҳама мардон маълумот гиранду якро сад гўянд...»

пешина
аз 428
навбатӣ